Сомонаи пешина | Пш, 02 Апрел 2020 / 23:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии директори навтаъини Мактаб-интернати санъати ба номи М.Атоев

 

Қиёмиддин Иброҳимзода –сармутахассиси раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба вазифаи директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев таъин гардид.

Субҳи 11 марти соли 2020 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода аҳли кормандони муассисаи таълимиро бо фармони мазкур шинос карда, директори навро муаррифӣ намуд.

Директори навтаъини Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Қиёмиддин Иброҳимзода дар назди ҳозирин ба эътимоди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нисбати ӯ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омода намудани кадрҳои ҷавон тамоми қувваю иродаашро сарф менамояд.