Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 00:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11 марти соли 2020 соати 16:00, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқӣ журналистони Тоҷикистон ташкил мегардад, намояндагони ҳукумати кишвар, васоити ахбори омма, олимону коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Дар чорабинӣ рӯзноманигорони фаъол бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, ифтихорномаву сипосномаҳо ва мукофоти пулӣ қардонӣ мегарданд.

Зимни барномаи идона баргузории барномаи ҷолиби консертӣ, инчунин ташкили намоиш-фурӯши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки ҳамасола 11 март чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад ва он ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1994 ба расмият даромадааст.