Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 00:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тачлили «Рўзи Модар» дар Бадахшон

5 марти соли 2020 дар Театри вилоятии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ бахшида ба «Рўзи Модар» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо суханони табрикотӣ ба чорабинии идона ҳусни ифтитоҳ бахшида, бонувони вилоятро бо ин ҷашни фараҳбахш муборакбод намуд. Қайд кард, ки зан –модар офарандаи зиндагӣ мебошад ва ҳар фард бояд ба қадри зан-модар бирасад. Раиси вилоят иброз дошт, ки имрўзҳо занон дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон кору фаъолият доранд ва ин боиси ифтихор аст.

Сипас занони фаъоли соҳаҳои гуногун бо ифтихорнома ва тўхфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги вилоят хотири иштирокдоронро шод намуда, ба барномаи идона ҳусни интиҳо бахшид.