Сомонаи пешина | Пш, 02 Апрел 2020 / 23:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоҳҷоизаи озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 70 ҳазор сомонӣ аст

 

3 марти соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеъ оид ба маъалаҳои ташкилии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Дар ҷаласа инчунин роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату бахшҳои фарҳанг дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва аъзои гурӯҳи кории озмун иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 70000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мавсуф инчунин оид ба аҳамияти чорабинии мазкур дар рушди санъати миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав сухан ронда, аз масъулони баргузории озмун даъват ба амал овард, ки ба раванди ташкилӣ ва интихоби довталабон ҷиддитар муносибат намоянд.
Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба корҳои омодагӣ, вазифаҳои гуруҳи корӣ ва нақшаву тартиби чорабинӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Боиси зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бори дуввум дар саросари кишвар баргузор мегардад.