Сомонаи пешина | Пш, 02 Апрел 2020 / 23:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Коллеҷи санъат дар мавзӯи “Ҷавонон ва ташаккули худшиносию фарҳанги миллӣ” вохӯрӣ баргузор шуд

28 феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе вохӯрии судманд бо устодону донишҷӯёни муассиса, дар мавзӯи “Ҷавонон ва ташаккули худшиносию фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур корманди Мақомоти Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Саидмуҳаммад ва мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкурро директори муассиса Давлатзода Баҳодур оғоз намуда, риштаи суханро ба корманди Вазорати фарҳанг Мирзошариф Абдусаломов вогузор кард. Мавсуф перомуни худшиносӣ ва ташаккули фарҳангдӯстию ватаншиносӣ ироаи андеша намуда, зикр карданд, ки имрӯз бо ташаккул ёфтани равандҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, сатҳи худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти хосаро касб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд ба коста гардидани сатҳи худшиносии миллӣ боис мегардад ва ба пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад. “Аз ин рӯ моро зарур аст арзишҳои миллии худро ҳифзу таблиғ намуда, ба ояндагон як мероси пурғановати фарҳангӣ боқӣ гузорем”, - иброз дошт М. Абдусаломов.
Суханро корманди Кумитаи давлатиии амнияти миллӣ Саидмуҳаммад Саидов идома дода, ба ҳозирин таъкид намуд, ки аз муборизаҳои тулонии фарзандони фарзонааш миллати тоҷик соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озод аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ларзон ва нопойдор хоҳад буд. Ӯ гуфт: “Садсолаи бисту якум ҷаҳонро ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ намуд, ки хатарноктарини он шиддат гирифтани амалкарди ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои экстремистию террористӣ мебошад. Муқовимат ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ кори фақат мақомоти қудратӣ нест. Ин вазифа ва масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва дар маҷмӯъ кулли ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ мо ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар муваззафем, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва саҳми худро дар таҳкими сулҳу субот ва рушду густариши кишвари азизамон бо меҳнати содиқона гузорем”.

Чорабинии болозикр бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо иштирокчиён боз ҳам хотирмонтар гардид.