Сомонаи пешина | Чш, 08 Июл 2020 / 00:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз ҷониби кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб пазируфта шуд

Шоми 28 феврал дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуд. Аксарияти тамошобинонро ин навбат кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарзандонашон ташкил медоданд.

Намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби муаллиф ва коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст.

Нақшҳои асосиро дар намоиш ҳунармандон Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев, Абдумуъмин Шарифӣ, Моҳпайкар Ёрова, Зарина Бадалова, Ватандор Шеров ва Сӯҳроб Ҷанҷолов бо маҳорати баланд иҷро кардаанд.

Мақсади муаллиф ва коргардон бо таҳияи ин намоиш муроҷиат ба мардуми мамлакат, бахусус ҷавонони ватандӯст мебошад, ки нисбат ба ояндаи худ бетафовут набошанд, балки пайваста рӯ ба илму ҳунар ва маърифату хирад оранд.

Лозим ба ёдоварист, ки намоиши мазкур соли 2019 дар Фестивали байналмилалии театрҳо ба номи Ҷанат Ҳаҷиев, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифта буд, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.

Ҳамчунин соли 2017 «Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд. Намоиш то имрӯз ҳаводорони зиёде дорад, аз ин рӯ ҳунармандон тасмим гирифтаанд, ки онро бори дигар ба саҳна гузоранд.

Тамошобинон инчунин аз намоиши осори гаронарзиши адибони классик ва муосири тоҷик, ки дар даромадгоҳи театр аз ҷониби Нашриёти «Адиб» ба маъраз гузошта шуда буд, баҳраманд гардиданд.