Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 23:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Фаронса

 

12 феврали соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои байни ду кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ сӯҳбат намуданд.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар иброз дошт, ки робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо заминаи робитаҳо дар дигар соҳаҳо мебошанд. Ӯ инчунин зикр намуд, ки алҳол бо Тоҷикистон дар соҳаи санъати Шашмақом, рассомӣ ва синамо ҳамкориҳо ба таври самаранок ба роҳ монда шудаанд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушоди роҳбарияти ҳукумати кишвар бо ҳамаи давлатҳо муносибати дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Ҷонибҳо инчунин оид ба корҳои омодагӣ ба намоиши нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж, ки баргузории он моҳи октябри соли ҷорӣ дар назар аст, сӯҳбат намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои хуши дӯстона ба вуқӯъ пайваст.