Сомонаи пешина | Сш, 11 Август 2020 / 08:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова барномаи фарҳангӣ доир шуд

 

Дар шаҳри Душанбе ба пешвози тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова, ки дар шаҳри Париж ба дарёфти  мукофоти ЮНЕСКО  шарафёб шуд,  барномаи  фарҳангӣ доир гардид. Дар барнома  аҳли илму фарҳанг,  хешу табор ва дӯстони тарроҳ  иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо коллексияи «Наврӯз»-и худ зери бренди «ZHIWJ» дар намоиши мӯди «Oriental Fashion Paris -2020», ки аз 19 то 20 январ дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО оид ба дизайн  гардид.

Нафиса аз ҷараёни сафараш бо эҳсосоти хуб нақл карда, гуфт, ки “пеш аз он ки мо ба намоиши либос шурӯъ кунем, дар Париж нишасти матбуотӣ доир шуд ва дар он ҷо ба ман суолҳои зиёд оид ба коллексияам доданд. Ва ман дар он ҷо гуфтам, ки либосҳои мо бештар бо риштаи зард дӯхта шудаанд. Мардуми он ҷо гумон кардаанд, ки тамоми либосҳо аз сар то по аз тиллои тоза ҳастанд. Рӯзи дигар омада пурсиданд, ки куҷост он либосе, ки  аз тилло омода шудааст ва ман ҳам зиракиро аз даст надода, гуфтам, ки онро фурӯхтем…”. (механдад).

 

Нафиса Имронова дар шаҳри Париж аз минбари баланд бо ифтихор гуфт, ки вай зодаи даврони Истиқлол аст ва дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аз ин рӯ тамоми нақшу нигори коллексияи наврӯзиашро ба ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ бахшидааст.

Дар барномаи фарҳангӣ Нафиса Имронова иброз намуд, ки  бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари ширкати «Tajikistan Fashion Week» (Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон) Тоҳир Иброҳимов дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  иштирок намуд. Намоишгоҳи байналмилалӣ тӯли се рӯз идома ёфта, дар он 30 тарроҳ аз Аврупо ва Осиё ширкат варзиданд. Ҳар як тарроҳ 10 либосро намоиш доданд. Нафиса дар ин намоишгоҳ коллексияи нави наврӯзии худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод.

Ин бонуи ҳунар дар байни давлатҳои хориҷӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷикон чӣ гуна таъриху фарҳанги куҳан доранд. Дар оғӯшаш ин куҳандиёр фарзандони соҳибватану меҳандӯстеро парваридааст, ки парчаму номашро дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд мебардоранд.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/02/dar-dushanbe-ba-peshvozi-tarro-i-to-ik-nafisa-imronova-barnomai-far-ang-doir-shud/