Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Феврал 2020 / 01:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳидоятҳои Пешво дар Паёми Пешво

Дар муассисаи давлатии Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оид ба Паёми Пешвои миллат ҷамъомад баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзод, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иштирок доштанд.

Чорабиниро директори Муассисаи мазкур А. Абдуқаҳҳор ҳусни оғоз бахшида, баъдан сухани навбатиро ба муовини директори Китобхонаи миллӣ дод. Гадобек Маҳмудов аз суханрониҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда гуфтанд, ки таи чанд соли охир роҳбари давлат бештар ба соҳаи фарҳанг рў оварда, бадин васила тарбияи насли навраси ояндасози миллатро таъкид доштанд. Оиди саҳми кормандони китобхонаҳо, китобдорон ва кормандони соҳаи фарҳанг ҷалби ҳама қишрҳои ҷомеа ба китобу китобдорӣ, ҳамчунин барои татбиқ намудани чор ҳадафи стратегии давлату ҳукумат – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат ҳарф зад.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ғуломзода Қурбон нисбати Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ибрози андеша намуда, онро роҳнамои фаъолият ва дурнамои стратегии кишвар хонд. Сипас оиди вазъи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, зиёд кардани фонди китоби барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, оид ба тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, таърихи пурифтихори халқи тоҷик, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагон, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”, заҳмати чандинсолаи Бобоҷон Ғафуров, доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба аҳли нишаст маълумоти муфассал дод.

Дар фарҷоми ҷамъомад байни иштирокчиён суолу ҷавоби шавқовар ба вуқӯъ пайваст.