Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Феврал 2020 / 01:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тағйироти кадрӣ

 

24 январи соли 2019 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳангро бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг шинос намуд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат таъин гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки Шамсиддин Орумбекзода яке аз кадрҳои соҳибтаҷрибаи кишвар ба ҳисоб меравад, ва минбаъд низ аз нерӯву таҷрибаи мавсуф самаранок истифода бурда хоҳад шуд.

Дар робита ба хизматҳои шоёни Шамсиддин Орумбекзода муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода сухан гуфта, ба ӯ изҳори сипос кард.