Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Феврал 2020 / 00:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили адабии “Зиндаву ҷовид монд...” дар китобхонаи бачагона

23 январи соли 2019 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар маҳфили адабӣ таҳти унвони “Зиндаву ҷовид монд...”, ки ба осори адабӣ ва 85-солагии зодрӯзи адиби маъруф ва дӯстдоштаи кӯдакону наврасон Наримон Бақозода бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Дар маҳфил нависандагону шоирони бачагона Сафияи Носир, Азизи Азиз, фарзандони Наримон Бақозода, китобдорони китобхона ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Иштирокчиёни хурдсоли маҳфил оид ба зиндагӣ ва рӯзгори Наримон Бақозода нақлҳои аҷоиб шунида, худ низ аз эҷодиёти адиби дӯстдоштаашон порчаҳо қироат намуданд.

Маҳфил хеле хотирмон гузашт.