Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 23:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маҳсади рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ аз 15 январи соли 2020 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон менамояд.

Асарҳои озмунӣ дар се нусхаи чопи компютерӣ то 15 сентябри соли 2020 ҳабул шуда‚ бояд мавзўъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иҳтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиҳлолият дар бар гиранд.

Озмун 1 октябри соли 2020 ҷамъбаст мешавад.

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин муҳаррар гардидаанд:
Ҷои якум – 8 000 сомонӣ
Ҷои дуюм – 6 000 сомонӣ
Ҷои сеюм – 4 000 сомонӣ
Се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ ҳар яке – 1000 сомонӣ.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе,
хиёбони Рўдакӣ 34,
тел: 221 80 39