Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 16:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари кории Вазири фарҳанг ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Аз 5 то 10 январи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ намуда, аз рафти корҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи фарҳанг, омодагиҳо ба таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ дидан кард.

Зимни сафари худ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар театри шаҳри Хоруғ боздид анҷом дод.Қобили қайд аст,ки корҳои бунёдӣ дар бинои театри шаҳри Хоруғ бо маром ҷараён доранд.Театри вилоятӣ яке аз биноҳои ҷашнӣ дар маркази шахри Хоруғ ба ҳисоб рафта,то имрӯз 85 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз ҷараёни корҳои корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ намуда,аз сохтмончиён даъват ба амал овард,ки корҳои бунёдии боқимондаро низ бо сифати баланд иҷро намуда,ин иншооти бошукӯҳи фарҳангиро дар ихтиёри ҳунармандон ва дӯстдорони театр қарор диҳанд.

Шамсиддин Орумбекзода дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг вохӯрии судманд доир намуд. Дар вохӯрӣ нуктаҳои ба соҳаи фарҳанг робитадоштаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Рахмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазири фарҳанг зимни сафари кориаш аз кору фаълияти Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ низ дидан намуда, бо кормандони китобхона вохӯрии судманд доир намуд.

Инчунин чунин як вохӯрии дигар бо аҳли маорифи шаҳри Хоруғ 8 январи соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт.