Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 22:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода аз сафари ҳунарӣ аз Португалия баргашт

9 январи соли 2020 ҳунарпешаи ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Шарифзода, ки дар жанри эквилибр ҳунарнамоӣ мекунад, аз сафари ҳунарӣ аз Португалия баргашт.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг қаблан иттилоъ дода буд, Муҳаммад Шарифзода моҳи ноябри соли 2019 дар Ҷашнвораи умумиҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019 дар мавзӯи “Ифтитоҳи нави муъҷизаи бузург” дар вилояти Куангнини Вйетнам иштирок карда, сазовори ҷоизаи биринҷӣ ва ҷои сеюм гардида буд.

Дар он ҷашнвора зиёда аз 100 ҳунарпешаҳои сирк аз 20 минтақа ва кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Россия, Лаос, ИМА, Ҷопон ва Украина иштирок карданд.

Баъди он, ки сиркбози ҷавони тоҷик байни ҳунарпешаҳои машҳури байналмилалӣ соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гардид, доварон ва коршиносони байналмилалӣ ӯро бо сафари ҳунарӣ ба Португалия даъват намуданд.

Тӯли як моҳ Муҳаммад Шарифзода дар барномаҳои сиркии португалӣ иштирок карда, санъати сирки тоҷикро ба тамошобинони португалӣ муаррифӣ намуд.

Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик аст, ки тибқи бурсия дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Муҳаммади ҷавон аллакай дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро бардошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Ҷоизаи аввалинро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байналмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибр байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардида буд, иштирок карда ҷоизаи, аз байни 76 иштирокчӣ «Танқиди махсуси доварон» -ро ба даст оварда буд. Дар ҷашнвораи мазкур ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуда буд.

Алҳол ин ҳунарпешаи соҳибистеъдоди тоҷик барои иштирок ба фестивали сиркии ҷаҳонӣ, ки соли 2020 дар Шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса сурат мегирад, роҳхат гирифтааст.