Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 16:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоиши осори Фаррух Хоҷаев

 

13 январи соли 2020 соати 14:00 дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маросими ифтитоҳи асарҳои рассом Фаррух Хоҷаев таҳти унвони “Муҳаббат ба ҳаёт” баргузор мегардад.

Намоиш то 25 январ идома ёфта, дар он тамоми маҳсули эҷодии шодравон Фаррух Хоҷаев дар намуди мусаввараҳо, нигораҳои графикӣ, муҷассаҳои хурд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Боиси зикр аст, намоиш ба ёдбуд ва 60-солагии зодрӯзи рассоми машҳури тоҷик Фаррух Хоҷаев бахшида мешаванд.

Инчунин худи ҳамон рӯз соати 18:00 дар Чойхонаи Машрабияи меҳмонхонаи Душанбе Серена низ намоиши осори Фаррух Хоҷаев шурӯъ мегардад, ки то 1 феврал идома меёбад.