Сомонаи пешина | Пш, 03 Декабр 2020 / 11:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Пешниҳоди филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ

 

Филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ наворбардорӣ шуда,  қарор аст имсол бо зернависи забонҳои хориҷӣ ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» 29 декабри соли сипаригардида дар толори кинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» манзури тамошобинон гардид.

Ба иттилои  манбаъ, филми мазкур дар фасли баҳори соли гузашта дар минтақаи Қаратоғ бо коргардонии Носир Раҳмон таҳия шуда, дар он Аҳмадҷон Қутбиддинзода, Фахриддин Саъдиев, Самоҷони Тағойзода ва Фирдавс Ҷалилов нақш офаридаанд.

Мазмуни мухтасари филми мазкур чунин аст, ки чор марди камондор бо нияти шикори саргалаи оҳувон ба парваришгоҳи ҳайвонҳои нодир сафар мекунанд. Аммо Сӯҳроб, ки нигоҳубини он манзараро ба уҳда дорад, садди роҳи онҳо мегардад. Ҳамин тавр шахсони тамаъҷӯй, ки роҳбарашон  Мансури ланг аст, бо  Сӯҳроб муноқиша мекунанд. Аз як тараф, агар сужаи филм тамошобинро дунболи худ барад, аз сӯйи дигар, зебогии манзараҳои Қаратоғ ҳамагонро мафтун менамояд.

Ногуфта намонад, ки филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда,  коргардони он Носир Раҳмон ва наворбардор Шуҳрат Қурбонов мебошанд.

Ба филми мазкур сароянда ва бастакори маъруфи тоҷик Далер Назаров оҳанг бастааст.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/01/peshni-odi-filmi-unarii-nigo-i-izol-ba-kinofestival-oi-a-on/