Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 80-сола шуд

 

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро бо 80-солагии фаъолияти эҷодиаш табрик намуда, ба аҳли Иттифоқ дастовардҳои нави эҷодиву касбӣ, парвози баланд ва бозёфтҳои навро дар соҳаи санъати мусиқӣ таманно доранд.

Тавре дар сомонаи расмии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон омадааст, иттифоқи мазкур аввалин ташкилоти ҷамъиятии эҷодии касбии композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади ҳифз ва рушди беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикии ҷаҳонӣ ва халқи тоҷик, рушди фарҳанги мусиқии касбӣ, тарбияи ходимони ҷавони фарҳанги мусиқӣ ва фароҳам овардани шароит баҳри татбиқ намудани имкониятҳои эҷодӣ таъсис ёфтааст. Тибқи Қарори Шӯрои Комиссарони халқи РСС Тоҷикистон (аз 1 июни соли 1939) «Оид ба вазъи санъат дар ҷумҳурӣ ва чорабиниҳо вобаста ба рушди минбаъдаи он», ҷиҳати таъсиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифта шуда, бо ин мақсад раиси комитети ташкилии он композитор Александр Ленский таъин гардид. 9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон расман дар ҳайати композиторон А. Камалов, Ш. Бобокалонов, С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах, Н. Пулодов, З. Шаҳиди, М. Вольберг ва Ф. Солиев таъсис дода шуда, аввалин раиси он Сергей Баласанян интихоб гардид. Аз соли 1939 то ба имрӯз 14 Анҷумани Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (солҳои 1948, 1956, 1962, 1966, 1970, 1976, 1981, 1987,1992, 1998,2001,2007, 2016 ва 2017) баргузор гардида, тӯли ин солҳо Сергей Баласанян, Фазлиддин Шаҳобов, Александр Ленский, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дустмуҳаммадов, Талаб Сатторов, Аслиддин Низомов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Ҳикматов, Шӯҳрат Ашуров ба ҳайси раисони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Аз соли 2017 Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов мебошад. Бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» аз соли 2004 Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ таъсис дода шудааст. Айни замон, дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Шӯрои мусиқӣ, Шӯрои илмӣ, Идораи «Тарғиби мусиқии муосир», бахшҳои «Эҷодӣ-ташкилӣ», «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ», «Фолклор ва мусиқии суннатӣ», «Бастакорӣ» ва бахши «Кор бо наврасону ҷавонони соҳибистеъдод» фаъолият дошта, 5 нафар доктори илм, 7 номзади илм, 8 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, 3 нафар дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, 7 нафар Ҳунарпешаи халқӣ ва 1 нафар Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 11 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, 6 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд. Дар ин давра аз ҷониби композиторони Тоҷикистон операҳо, балетҳо, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, романсҳо, ораторияҳо, кантатаҳо, пйесаҳо барои созҳо, мусиқӣ барои кино ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ офарида шуда, асарҳои композиторони Тоҷикистон берун аз марзи Тоҷикистон (Аврупо, Хитой, Ҷопон, кишварҳои ИДМ) иҷро гардида, балетҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» (С. Баласанян), «Мақоми ишқ» (Ф. Баҳор), операи «Бозгашт» (Ё. Сабазанов) дар театрҳои кишварҳои дигар саҳнавӣ гардидаанд. Дар асоси асари «Рубоҳои Хайём»-и Т. Шаҳидӣ филм-балети мустанад ба навор гирифта шудааст.

Раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов мегӯяд, ки яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рушду нумуъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳанги халқи буда, ҳар соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азизи мо дар ҳама соҳаҳо — сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию иқтисодӣ, аз ҷумла дар ҷодаи рушди санъати миллӣ дастовардҳои нав ба навро фароҳам оварда, вобаста ба ин асарҳои нави композиторони тоҷик рӯи саҳна меоянд. “Дар ин радиф, оратория-балети «Фарёди дуриҳо» ва операи «Рустам ва Сӯҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов, операи «Амир Исмоил»-и Толиб Шаҳидӣ, опереттаи «Дугонаҳо» ва операи бачагонаи «Биё, Барфӣ Бобо»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов, операи бачагонаи «Чароғи сеҳрноки Аловиддин» ва балети «Зол ва Рудоба»-и Шӯҳрат Ашуров, операи бачагонаи «Афсонаи ҷангалӣ», инчунин «Хусрав ва Ширин»-и Амирбек Мӯсоев, симфония, достонҳои симфонӣ ва вокалӣ-симфонӣ, асарҳо барои ҳамсароён, увертюра, сюита, кантата, асарҳои созӣ, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллии Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Яҳёев, Шодмон Пӯлодӣ, Абдуфаттоҳ Одинаев, Миратулло Атоев, Зокир Нишонов, Ҳасан Пиров, Лола Пӯлодӣ, Қудратулло Ҳикматов, Абдураҳмон Тошматов, Ворис Абдурахмонов, Зайниддин Зулфикоров, Шералӣ Қосимзода, Сангалӣ Ҳамидов, Пайрав Марадасейнов, Ҷӯрахон Обидпур, инчунин насли ҷавони композиторони тоҷик ба мисли Парвина Соҳибова, Баҳром Тошев, Ҷасур Халилов, Зафар Рахимӣ, Назира Хамдамова, Равшан Баротов, Фарҳод Зикиров, Убайдулло Иброҳимзода ва дигарон аз асарҳои ҷолиби офаридаи композиторони тоҷик дар жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд”- зикр намудааст Хуршед Низомов.

Дар баробари рушди фарҳанги миллӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии тамаддун, имрӯз мусиқишиносони тоҷик инчунин, корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, такомули методологии санъати касбии миллӣ, масоили таърихию назариявии санъати миллӣ ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода истодаанд. Фонди мусиқии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ташаккули санъати мусиқии касбии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, хазинаи Фонд аз асарҳои композиторони тоҷик, асарҳои классикии ҷаҳонӣ ва осорҳои илмии санъатшиносон иборат мебошад. Осори илмии мусиқишиносони Тоҷикистон ба забонҳои дигар халқу миллатҳо тарҷума гардида, дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ИМА, Олмон, Ҷопон, Корея ва ғайра нашр гардидаанд. Дар ин замина, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон илми санъатшиносии тоҷик дар сохтори самтҳои афзалиятноки илмҳои мамлакат мавқеи хоса дошта, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст ва арҷгузории илми мусиқии тоҷик ва олимони тоҷик аз қабили Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, Абдувалӣ Абдурашидов, Фирӯз Ӯлмасов и Баҳриниссо Қобилова дар сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихор аст. Боиси ифтихору сарфарозии аҳди эҷод аст, ки имрӯз масъалаҳои ҳифз ва рушди мусиқии халқи тоҷик ва дастгирии шаклҳои гуногуни санъати касбӣ, тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, ҳали масъалаҳои гуногун вобаста ба эҷодиёти композиторону мусиқишиносони тоҷик ва омоданамоии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф, таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон аз падидаҳои нодири фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд. Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки дар солҳои Истиқлолият мактаби композиторӣ ва санъати мусиқии тоҷик ба сатҳи нави касбӣ расонида шуда, он як марҳилаи бузургеро аз сар гузаронида, хусусияти миллии худро бо ҷилои нав зуҳур намуда истодааст. Дар ин радиф, композиторону мусиқишиносони тоҷик пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон, бо истифодаи услуҳои муосири тарғиб ва инъикоси санъати касбӣ баҳри пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд. Ин санъат ҳамчун санъати мардуми қадимаи фарҳангпарвар муаррифӣ мешавад, ки имрӯз ҳам иқтидору хусусиятҳои хешро нигоҳ дошта, рӯ ба рушд овардааст ва ҳам дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои дурахшони худро ҷилватар карда истодааст.