Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 16:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ ОЯНДАСОЗИ СОҲАИ КИТОБДОРӢ

 

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор пайдо кард.
Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.
Дар фазои озоди истиқлол барои инкишофи соҳаи китобдории миллӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам омада, туфайли ин олимону мутахассисони соҳа асосҳои методологӣ ва назариявии онро таҳқиқ намуда, барои ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш арзи вуҷуд намудани бахшҳои алоҳидаи он пажуҳишҳои арзандаро анҷом доданд.
Пешвои миллат зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4 сентябри соли 2007, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад» ва афзудан, ки минбаъд ҳар сол санаи 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, соли дувоздаҳум аст, ки Рӯзи китоб дар кишвари мо таҷлил ва дар доираи чорабиниҳои он Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе баргузор мегардад.
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2019 Пешвои миллат ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб
маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Бо зикри муҳимияти мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки «ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».
Дар ин дастури худ Сарвари давлат ба масъалаи танзим ва идоранамоии раванди хониши тамоми категорияҳои хонандагон – аз хурд то бузург ишора намудааст. Зиёда аз ин, дар Паём Пешвои миллат дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири пайомадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки «дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд».
Барои раҳоӣ аз ин вазъияти ҳузнангез Президети мамлакат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор намуданд, ки «бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».
Барои он ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба тарғиби китоб ва дигар масъалаҳои ба он вобаста дар сатҳи зарурӣ дар амал
татбиқ гардида, сатҳи фарҳанги мутолиаи китоб дар ҷомеа баланд бардошта шавад, нахуст бояд оид ба вазъи мутолиаи китоб дар мамлакат таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуда, зимни натиҷагирии он омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; сипас, бо ҷалби мутахассисону коршиносони соҳаи китобдорӣ Консепсияи вижаи тавсеаи фарҳанги мутолиаи китоб дар Тоҷикистон таҳия гардида, барои татбиқи нишондоди он шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон, тавре, ки дар Паём зикр гардид, вазорату идораҳои дахлдор барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалии таъсирбахшро анҷом диҳанд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то дар замири наврасону ҷавонони мо фарҳанги китобхонӣ ташаккул ва рушд ёбад. Илова бар ин, китобхонаҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ барои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа ва арзиши иҷтимоию фарҳангии мутолиаи китоб тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, тавассути муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки китобу дониш дар ташаккули шахсияти онҳо нақши муҳим бозидааст, меҳри китобхониро дар қалби насли наврас «ҷойгир» карда, дар ҳамкорӣ бо ВАО мавҷудияти китобхонаи шахсӣ ҳамчун унсури муҳими фарҳанги хонаводаи тоҷик тарғибу ташвиқ карда шавад. Дар ҳамин радиф эҳё намудани ҷамъияти «Китобдӯстон» ба мақсад мувофиқ аст. Зеро дар замони муосир муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мавҷудияти дониш ва иттилооти тозаву арзишманд маҳсуб меёбад. Дар навбати худ, иттилооту дониши нав аксаран дар заминаи мутолиаи китоб ва дигар сарчашмаҳои илмию адабӣ ба даст меояд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд намуданд, ки «роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».
Мавриди зикри хос аст, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, завқи бадеӣ ва зебоиписандии шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, инчунин авзои доимотағйирёбандаи ҷаҳони муосир тарҳрезӣ ва ироа гардид. Дар Паём қайд гардид, ки «ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад». Воқеан, имрӯз пайомадҳои манфии раванди ҷаҳонишавиро дар рафтору гуфтор, тарзи либопӯшӣ, завқи бадеиву зебоиписандии ҷавононе, ки аз таъриху тамаддуни аҷдодӣ ба қадри кофӣ огоҳ нестанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо ҳисси баланди масъулият нисбат ба имрӯзу ояндаи насли навраси тоҷик қайд намуданд, ки «олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман мардуми Тоҷикистон мегардад.
Дар андешаи зерини Сарвари давлат меҳру садоқати бепоёни ӯ нисбат ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва нақши созандаи он барои фардои миллат баръало эҳсос мегардад – «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Тавре, ки аллакай зикр гардид, ҳар як нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат дар заминаи таҳлилу натиҷагирии амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ироа гардида, вобаста ба он дар назди ҳар як сохтор ва мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Бо
назардошти раванди доимовусъатёбандаи ҷаҳонишавӣ Президенти мамлакат қайд намуданд, ки “...дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Зиёда аз ин, таъкид гардид, ки тарғибу ташвиқи ин шоҳасар на танҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, балки барои муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик «вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд».
Ҳамзамон, Сарвари давлат аз арзиши илмии ин шоҳасар барои тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки «... дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард».
Боиси хурсандӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аст, ки бо ташаббус ва сапарастии Президенти муҳтарами мамлакат минбаъд озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҳамасола баргузор гардида, ба раванди баланд гардидани сатҳи маънавиёти мардуми тоҷик, ташаккул ва рушди фарҳанги мутолиаи китоб мусоидат хоҳанд кард.
Барои мо, аҳли фарҳангу ҳунар, мояи ифтихор ва сарбаландист, ки Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаҳои фарҳангу ҳунар, аз ҷумла китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Аз мушоҳида ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ки онҳо ташаббусу иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро, ки зимни ироаи Паём манзур гардиданд, саривақтӣ ва барои таъмини рушди устувори кишвар, мақоми шоиста пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ бағоят муҳим арзёбӣ намуда, дар маҷмӯъ, Паёмро барномаи мукаммали рушди соҳаи фарҳангу ҳунар, аз ҷумла фаъолияти китобдорӣ меҳисобанд.
Аз ин рӯ, мо – кормандон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷуёну докторантони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар раванди ташаккул ва рушди фарҳанги китобхониву китобдӯстии ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.

Сафар Шосаидзода,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
Зафари ШАРИФ, мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода.