Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 16:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ аз оғози соли 2019 фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баён гардиданд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” корҳои муайян анҷом дод. Аҳли фарҳангу санъат дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ фаъолона ширкат варзида, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи нав дар сатҳи баланд доир намуданд. Дар тўли соли 2019 ҷашнҳои 26 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2019» бахшида 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт, ҷаласаи 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Данғара, Ховалинг, маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун”, Рўзи забони давлатӣ, Рўзҳои фарҳанги давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Театр, Рўзи Парчами давлатӣ, Фестивали кўдакон ва наврасони “Сапеда”, ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ҷашнвораҳои “Шашмақом”-у “Фалак” дар сатҳи баланд бо ширкати васеи аҳли санъату фарҳанг доир гардида, даҳҳо чеҳраҳои нав бо шеъру оҳангҳои тоза ба майдони ҳунар ворид шуданд.

I.ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ САНЪАТ ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРИЮ КОНСЕРТӢ

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти муассисаҳои консертӣ ва театрӣ такмил ёфта, тамоми чорабиниҳо бо суруду оҳангҳои нав доир карда шуданд.
Дар Иди байналмилалии Наврўз ба сокинону меҳмонони пойтахти кишвар дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, Устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Боғи Ирам, боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва таълимӣ 20 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳод гардонида шуданд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 март дар шаҳри Норак, 21 март дар майдони Дўстии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии “Шодиёнаи наврўзӣ” (карнавал) ва шоми 22 март дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и пойтахт намоиши пуршукўҳи театрикунонидашуда бо иштироки меҳмонону шаҳрвандон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир баҳри бошукўҳу хотирмон таҷлил намудани Наврўзи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Аз 15 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту- 2019» бахшида ба 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш 18 театри касбӣ ширкат варзида, намоишҳои беҳтарини тайи ду соли охир таҳиякардаи худро ба қазовати мухлисони сершумор ва ҳайати ҳакамони ҷашнвора пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2019» ду мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳа дар мавзўи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва“Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” (Андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшуда) доир гаштанд, ки дар кори онҳо проблемаҳои рушди драматургияи тоҷик, тақвият бахшидан ба мактаби режиссураи театрӣ, сайқал додани маҳорат ва малакаи ҳунармандон, таҳким бахшидани базаи моддӣ-техникии муассисаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов сазовори “Шоҳҷоиза”-и Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» гардид.
Дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо аз 23 то 26 июни соли 2019 дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони ин навоҳии дурдаст гардонида шуданд. Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва дар пояи шаршараи Наврўзгоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби ҳунарпешагону гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ бо шукўҳ ва дар руҳияи идона баргузор шуданд.
Тантанаҳои асосии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи 26 июни соли 2019 дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии пойтахт ва вилоятҳо бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардида буданд, доир гардид.
Инчунин ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври бошукўҳ таҷлил гардида, дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб ва ноҳияи Муъминободу Данғара чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардиданд.
Тантанаҳои асосии ҷашнӣ шоми 9 сентябри соли 2019 дар муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар бо барномаи муҳташами фарҳангӣ доир гардид, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гурўҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертӣ бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Истиқлолият дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ иштирок доштанд.
Вобаста ба истифода додани агрегати дуюми иншооти бузурги аср дар НБО “Роғун”, рўзи Забони давлатӣ, таҷлили 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барномаҳои пуршукўҳи фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” яке аз чорабиниҳои муҳими сол гардида, даври ниҳоии озмун аз 6 то 9 ноябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки 65 нафар ғолибони даври дуюм бо муваффақият ҷамъбаст гардида, маросими супоридани ҷоизаҳо ва гала-консерт бо иштироки ғолибони озмун 16 ноябри соли 2019 бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар сатҳи шоиста ва бошукўҳ баргузор гардид.
Дар маҷмўъ, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори аввал доир гардида, дар саросари ҷумҳурӣ дастгирӣ ва ҳазорҳо нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуда, баҳри дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва рушди санъати миллӣ заминаи устувор гузошт. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки аҳли фарҳангу санъат дар соли 2019 дар муаррифии фарҳанги волои миллӣ муваффақ гардида, бори дигар маҳбубияти фарҳанги миллии тоҷикро дар тамоми ҷаҳон собит намуданд.
Шоҳҷоизаи Озмуни байналмилалии телевизионии “Истеъдод”-и кишварҳои Осиёи Марказиро намояндаи Тоҷикистон ҳунарпешаи ҷавон, донишҷўи Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода Чоршанбе Аловатов моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиб гардид, ки ин дастовард боиси ифтихори аҳли фарҳанги кишвар маҳсуб ёфта, баҳри муаррифии санъату ҳунари миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузошт.
Инчунин соли 2019 як қатор театрҳои касбии кишвар дар баробари пур кардани фазои фарҳангии кишвар дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву дипломҳо гардиданд. Аз ҷумла Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов моҳи ноябр бо намоишномаи “Дирафши Ковиёнӣ”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Н.Меликов дар шаҳри Ҷезқазғони Ҷумҳурии Қазоқистон‚ дар Фестивали байналмилалии театрии ба номи Жанат Хаджиев сазовори Шоҳҷоиза гардид. Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бо намоиши “Фирдавсӣ” дар Фестивали байналмилалии театрии “Арт-Ордо”дар Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат намуда, ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” -и ҷашнвораи мазкурро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир соҳиб шуд. Театри давлатии ҷумҳуриявии лўхтаки шаҳри Душанбе дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон соҳиби мукофот ва дипломи Ҷашнвора гардид. Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии театрии “Наврўз-2019” (шаҳри Қазон, Федератсияи Россия) ва моҳи октябр дар якумин Фестивали байналмилалии театрҳои касбии «ABISH ALEMI» (Абиш Алеми) дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон бо намоишномаи “Табиби паррон”-и Ж.Б.Молер ширкат варзида, ба дипломҳои ин ҷашнвораҳо сазовор шуд. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бори аввал аз 13 то 18 октябри соли ҷорӣ ҳайати эҷодии театр бо намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара”-и Ҳ.Ниёзӣ ва “Бузаки ҷингилапо”-и Н.Бақозода ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский аз 14 то 20 ноябр ҳайати эҷодии театр ба шаҳрҳои Тамбов ва Москваи Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ намуд. Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом дар Фестивали байналмилалии намоишномаҳои шакли хурд дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Россия иштирок карда, бо ҷоизаи барои “Таҷассуми беҳтарин анъанаҳои театри миллӣ” сарфароз гардид.
Инчунин доираи фаъолияти Муассисаҳои консертӣ ва Сирки давлатӣ дар ин давра хеле васеъ гардид.
Ансамбли кўдаконаи рақсии “Зебо” ба ҷоизаи Фестивали байналмилалии рақсии кўдакона дар Ҷумҳурии Туркия мушарраф гардида, гурўҳи ҳунармандони Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар Фестивали байналмилалии “Шарқ тароналарӣ” (шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ўзбекистон) дар миёни 70 кишвар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳунарпешаи Сирки давлатии Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммад дар Фестивали байналмилалии сиркӣ дар Ҷумҳурии Испания ба ҷойи 2-юм ва дар Фестивали байналмилалии сиркии “Халонгбой” дар Ветнам ба ҷойи 3-юм сазовор гардида, дар ҷашнвораҳои сиркӣ дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон ширкат намудааст. Ҳунарпешагони дигар –Ализамон Поиндаев ба Арабистони Саудӣ, ҳунаромўзон Бозорзода Ҷомӣ ва Сафарзода Сарвар ба Ҷумҳурии Туркия ва Обид Эргашев ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафарҳои ҳунарӣ намуданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғ.Валаматзода дар Фестивали байналмилалии мероси Шориқа, ки аз 1 апрел то 13 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид ва дар галаконсерти “Форуми байналмилалии тамаддунҳои Осиё”, ки моҳи майи соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд бо муваффақият баромад намуд.
Ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва ҳунарпешагони оркестри эстрадии “Гулшан” ба Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея сафари ҳунарӣ намуда, дар Рўзи Тоҷикистон дар “ЭКСПО-2019”, ки 20 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, санъату ҳунари миллии моро ба иштирокчиёни ин чорабинии муҳташами байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Ансамбли рақсии “Парасту”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев дар галаконсерти “Форуми байналмилалии тамаддунҳои Осиё”, ки моҳи майи соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳунарнамоӣ намуд. Ҳамчунин, ҳайати ҳунарпешагон ва ансамбли рақсии “Чаман” – и муассиса ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Ҳамзамон репертуари аксарияти муассисаҳои театрӣ такмил ёфта, ҳайати ҳунарии театрҳои касбии кишвар дар баргузории ҷашни Рўзи Модар‚ Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” бахшида ба 80-солагии М.Воҳидов, таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ‚ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рўзи Забони давлатӣ, таҷлили 90-солагии таъсисёбии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар Рўзи театри тоҷик фаъолона иштирок намуда, баҳри пуршукўҳ ва дар сатҳи баланди эҷодиву бадеӣ доир гардидани ин чорабиниҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра намоиши нав аз рўи асари С.Улуғзода “Фирдавсӣ” дар таҳияи С.Усмонов, ки он ба шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” қадр гардид, асарҳои “Писари ситора”- О.Уайлд дар таҳияи Б.Қурбонзода‚ “Саргузашти солинавӣ” дар таҳияи С.Усмонов ва “Ташвиш”-и Н.Ҷарониро саҳнавӣ гардонид.
Ҳайати эҷодии муассиса 231 намоишро барои 36 322 тамошобин пешкаш намуд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи “Зебосанам ва девсиришт”-ро дар таҳияи С.Усмонов ва намоиши бачагонаи “Найи сеҳрнок”-ро пешниҳод намуд. Мавриди зикр аст, ки 13 феврал нахустнамоиши операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мусоев бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати эҷодии театр пешниҳод гардид, ки дар чанд соли охир падидаи фараҳбахш маҳсуб меёбад ва он сазовори ҷои якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” гардид.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамкории театр бо театрҳои кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи муносиб ба роҳ монда шудааст. Дар ин зимн, муассиса 25 майи соли равон консерти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсуповро бо ҷалби ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон Оксана Шутова ва Нурлан Суймоналиев баргузор намуд.
12 сентябр ва 9 декабр барномаи фарҳангии “Шоми дўстӣ” бо иштироки ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.
Ҳамчунин, бори аввал дар ҳамкорӣ бо Сафорати Итолиё дар Тоҷикистон театр 29 сентябр консерти оркестри симфонии Россини ва солистон Франческо Панни, Ҷорҷия Пачи, Ҷулио Боскетти аз шаҳри Пезарои Итолиё пешкаши меҳмонон ва шаҳрвандони шаҳри Душанбе гардонид.
Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов намоишҳои тозаэҷодро аз рўи асари Шодӣ Солеҳ - «Шер омад»,дар таҳияи Ҷ.Пўлод, “Бозгашти Маугли” – и Р.Киплинг‚ “Вақте, ки кўҳҳо сукут мекунанд”-и Ч.Айтматов дар таҳияи Н. Меликов‚ “Тарма”-и Т.Ҷуҷенўғлӣ дар таҳияи Олимҷон Салимов‚ “Зани оҳанин”-и Ш.Бошбеков дар таҳияи М.Миров ва “Чормағзаки тиллоӣ”-и А.Якимович дар таҳияи Қ.Мирзоев саҳнавӣ намуданд.
Ҳайати эҷодии театр аз 15 сентябр бо намоиши “Гумроҳон” ба шаҳру ноҳияҳои Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дода, 21 сентябр бо намоиши “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ...”-и М.Бахтӣ мавсими нави театриро оғоз намуд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рўи асари Ҳ.Ҳ.Ниёзӣ «Найрангҳои Майсара» дар таҳияи Х.Мустафоев‚ «Гамлет»-и У.Шекспир дар таҳияи Б.Миралибеков ва «Бешаи зимистонӣ»-и Хуршед Мустафоев саҳнавӣ гардонид.
Ҳайати эҷодии муассиса дар ин давра ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод. Аз 14 то 20 ноябр ҳайати эҷодии театр ба шаҳрҳои Тамбов ва Москваи Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ кард.
Дар маҷмўъ театр 207 намоишномаро ба 18 686 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуд.
Кормандони Театри давлатии ҷумҳуриявии лўхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Достони Рустам»-и А.Фирдавсиро дар таҳияи Ғ.Ҳамроев‚ “Се хоҳаракон”-и И.Бухориев ва «Одамчаҳои барфӣ ва Офтобак»-и А.Весилов дар таҳияи М.Зоирова ба саҳна гузоштанд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Ваҳдат сафари ҳунарӣ намуд.
Аҳли ҳунари театр дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бомуваффақият иштирок намуда‚ соҳиби мукофот ва дипломи ҷашнвора гардид.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ- драмавии ноҳияи Данғара, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, Театри вилоятии лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар, Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд низ фаъолияташонро такмил дода, аз чор то шаш намоишномаҳоро таҳия ва саҳнавӣ гардонданд.
Ба пайдо кардани чеҳраҳои нави санъат эътибори ҷиддӣ дода шуда, моҳи декабри соли ҷорӣ Фестивали кўдакон ва наврасони ҳунарманд “Сапеда-2019” дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт. Гурўҳҳо ва ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев 102 оҳанг ва суруду рақсҳо эҷод намуда, 8 шаби эҷодии ҳунарпешагон ва маҳфилҳоро аз ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Лоиқ ва эҷодиёти Одина Ҳошим баргузор карданд.
Дар соли 2019 ҳамаи гурўҳҳои ҳунарии Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар 128 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуда, 30 барномаҳои консертиро иҷро намуданд.
Боиси зикри хос аст, ки бо ибтикори муассиса 22 июни соли 2019 бахшида ба 55-солагии фаъолияти оркестри эстрадии “Гулшан” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев бори аввал бо ҷалби ситорагони санъати эстрада- Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Исматулло Холов, Баҳодур Неъматов, Тамара Катаева, Татьяна Барило, Маҳбуба Боҳирова ва ҳунарпешагони ҷавон барномаи ҷолиби консертӣ ташкил ва баргузор гардид.
Бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ин давра сафарҳои ҳунариро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Ал-Роян” – и давлати Қатар 10 барномаи консертиро бо иштироки ансамбли рақсии “Падида” ва гурўҳи мутрибон дар шаҳри Доха, дар ҳамкорӣ бо Ансамбли давлатии академии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ сафари ҳунарии театр-студияи рақсии “Падида” ба шаҳри Владикавказ ва Сочи, намоиши аксҳо дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ташкил ва баргузор намуд. Ҳамчунин, тибқи созишномаи ҳамкориҳо бо муассисаи “Ўзбекконсерт” гурўҳи кории муассиса ба вилоятҳои Фарғона, Намангон, Сирдарё, Тошкент, Самарқанд ва Бухоро сафар намуда, масъалаҳои марбут ба ташкили сафарҳои ҳунарӣ дар ин минтақаҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон гуфтушунид анҷом дода, дар навбати худ ҳунарпешагони шинохтаи Ўзбекистон Юлдуз Усмонова, Севинч Муминова, гурўҳи “Фарҳод ва Ширин” ва Кличбек Мадалиев ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намуданд.
Муассиса як ҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, А.Ҷомӣ, Фархор, Зафаробод силсила барномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақшавӣ иштирок намуда, 6 декабри соли 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев барномаи консертии ҳисоботии овозхони муассиса Гулҷаҳон Иброҳимова доир гардид.
Тибқи нақша дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳайати ҳунарии муассиса дар ноҳияи Лахш бо барномаи идона баромад намуда, ба ноҳияҳои Рашт, Рўдакӣ‚ шаҳрҳои Ҳисор ва Роғун сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 26-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо бо 17 рақс ва 8 суруду оҳанги нав баромад намуданд. Ансамбл дар Фестивали байналмилалии мероси Шориқа, ки аз 1 апрел то 13 апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид ва дар галаконсерти “Форуми байналмилалии тамадунҳои Осиё” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин (7-18 майи соли 2019) санъату ҳунари миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши “Шоу барномаи солинавии сиркӣ”оғоз намуда, дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини “Сирки тоҷик”-ро пешниҳоди ҳаводорони санъати сиркӣ намуд.
Тибқи қарордод бо мақсади тавсеаи робитаҳо аз 15 март то 7 апрели соли 2019 Сирки Федератсияи Россия бо барномаи “Сирки калони илюзион” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд. Дар айни замон намоишҳои Сирки бузурги Москва бо барномаи байналмилалии шерҳои африқоӣ, ки аз 14 декабр шурўъ гардиданд, то 19 январ идома доранд.
Ҳунарпешагони муассиса дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо ширкат намуда, ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва Норак сафарҳои ҳунарӣ намуданд.
Маркази эҷодии «Илҳом», ки таҳияи барномаҳои театришудаи фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и шаҳрҳои Душанбеву Норак ва Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт ва барномаи театришуда бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Наврўзгоҳи шаҳри Душанбе‚ Рўзи Забони давлатӣ, 25-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 октябр ва 6 ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” доир гардиданд‚ ҳамчунин Рўзи кормандони милитсияро ба зимма дошт, дар сатҳи баланди эҷодиву касбӣ ва ташкилӣ доир намуд.
Дар соли 2019 дар театрҳои касбии кишвар 56 асари нав саҳнавӣ гардид, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 22 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 33 намоиш рўи саҳна омад. Аз 55 асари наве, ки рўи саҳна омаданд, 30 асари драматургони тоҷик ва 25 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд.
Дар соли 2019 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр, ки дар маҷмўъ 202 чорабиниро ташкил медиҳанд, фаъолона иштирок намуданд.

II. ФАЪОЛИЯТ ВА РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Тўли ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 10700 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Тибқи нишондоди банди 14 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2016, №53) аз 2 то 9 апрели соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1165 аз 09.02. 2019) миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар рўзҳои баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» зиёда аз 55 000 нусха китоб ба намоиш гузошта шуда, бештар аз 60 500 нафар хонанда ба китобхонаҳо ташриф оварданд.
Қобили зикр аст, ки рўзҳои 27–28 феврали соли равон семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар мавзўи «Китоб равшангари дилҳо» дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ва рўзҳои 2–3 май дар Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Конфронси ҷумҳуриявии “Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа” баргузор гардид, ки дар доираи он семинар – машварати омўзишӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» сурат гирифт.
Тибқи Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/5 аз 09.01.2019 моҳҳои март – май Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он бо иштироки 51 ансамблҳои оилавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва даври дуюм бо иштироки 13 ансамблҳои оилавӣ санаи 15 май бахшида ба Рўзи байналхалқии оила дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Моҳҳои апрел – июл Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» (қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.01.2019, №1/6) бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, моҳи июл бо иштироки беҳтарин муассисаҳои клубӣ аз рўйи 10 номинатсия ҷамъбаст гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» (фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2019, №95) шурўъ аз моҳи июн дар се давр доир гардида, 4 сентябр бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи китоб ҷамъбаст шуд, ки дар даври ниҳоӣ 36 нафар ғолибону иштирокчиёни фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзиданд. Дар баргузории озмун дар маҷмўъ аз тамоми минтақаҳои кишвар зиёда аз 3200 нафар ҷавонону наврасони китобдўст фаро гирифта шуданд.
Дар муассисаҳои фарҳанги вилояти Суғд бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нав, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ, Иди Ғалаба, Рўзҳои оила, ҷавонон, муҳофизати кўдакон, Ваҳдати миллӣ, табибон, варзишгарон, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, инчунин, оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театришуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Муассисаҳои фарҳанги вилояти Хатлон ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар мўҳлати сипаригашта 6211 адад чорабиниҳоро бо шумораи 925878 нафар иштирокчӣ доир намуданд, ки нисбати соли гузашта 2060 адад чорабинӣ ва 577028 нафар иштирокчӣ зиёд ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру деҳоти вилояти Хатлон дар ин муддат чорабиниҳои гуногун, аз қабили конференсияи хонандагон, намоиши китобӣ, суҳбату вохўриҳо, мизҳои мудаввар бахшида ба ҷашну идҳо, зодрўзи адибон, қироати шеър, хониши баланд, субҳи адабӣ, семинарҳои омўзишӣ, озмунҳо, тарғиби Паёми Сарвари давлат ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5790 адад чорабинӣ бо иштироки 356184 нафар, дар осорхонаҳои ҳудуди вилоят ба миқдори 83 адад чорабинӣ бо иштироки 15480 нафар, дар театрҳои касбӣ ва халқӣ ба миқдори 54 намоишнома бо иштироки 35325 нафар доир гардиданд. Ансамблҳои касбии вилоят дар ҷашну чорабиниҳо ва сафарҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Норак, Кўлоб ва Душанбе бо 63 адад барномаҳои консертӣ диққати 74340 нафар иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Ансамблҳо, филармонияҳо ва театрҳои халқии вилоят бо 171 адад чорабиниҳои гуногунмазмун теьдоди 70911 нафар иштирокчиро фарогир шуданд.
Дар ин муддат Шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва сохторҳои он зиёда аз 580 чорабиниҳои гуногунмазмунро ташкил ва баргузор намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 112650 тамошобинон ширкат варзиданд.
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба арҷ гузоштан ба таърихи ниёгон ва эҳёи суннатҳои мардумӣ Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик таҳия гардида, дар сомонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷой дода шуда, аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» бо теъдоди 200 нусха чоп гардид. Феҳристи мазкур иборат аз 6 фасл буда, ба он наздики 300 номгуйи намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ворид карда шудаанд.
Дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби кормандони бахши раёсати фарҳанги минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба «Феҳристи ҳунармандони халқӣ» 1416 нафар ҳунарманд аз рўи 180 намуди ҳунар омода гардид.
Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ карда шуд.
Тибқи ҷадвали мазкур як қатор фестивалу озмунҳо, аз ҷумла Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омўз…», Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесў», Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», Фестивали «Сад ранги чакан» (чакандўзӣ), Фестивали ҷумҳуриявии «Атласу адрас», Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо”, Фестивали ҷумҳуриявии “Оши палов”, Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ», “Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир” ва ғайраҳо доир шуданд, ки дар оянда низ баргузории ин гуна фестивалу озмунҳо идома доранд.
Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои табииву фарҳангӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар ҳамарўза тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва таблиғотӣ инъикос мегарданд.
Таҳлили фаъолияти китобдорӣ нишон дод, ки дар баробари 1351 китобхонаҳои сохтори Вазорати фарҳанг инчунин 4692 китобхонаҳои муассисаҳо ва ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмўъ 6043 ададро ташкил медиҳанд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” дар соли 2019-ум 960 адад чорабиниҳоро доир намуд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1165 аз 09.02.2019) оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ” дар тамоми шуъбаҳои хизматрасонӣ ва китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гўшаҳои махсуси тарғиботӣ ташкил гардиданд. Даври аввали он дар сатҳи баланди адабию маънавӣ баргузор шуда, ғолибон ба даврҳои дигар пешбарӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, довталабону ҳавасмандон тўли ин муддат дар ҳамаи даврҳои озмун ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва рўзҳои 11-14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии он доир шуда, ғолибон муайян гардиданд.
Дар Системаи марказонидашудаи китобхонаҳои шаҳри Душанбе дар ин муддат 700 адад чорабиниҳои гуногунмазмун, аз қабили конфронси хонандагон, маҳфилҳои адабӣ, намоишҳои китобӣ, шабҳои саволу ҷавоб, соатҳои адабӣ, суҳбатҳо, хонишҳои баланд, хулосаҳои библиографӣ, вохўриҳо, рафҳои мавзўӣ, сайри китоб, озмунҳо доир гардиданд. Чун ҳамасола бо мақсади таъмини китобхонаҳо бо адабиётҳои тозанашр “Корвони китоб” ташкил гардида, ба китобхонаҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) 97 номгўй китоб бо теъдоди 1771 нусха китобҳо дастрас гардиданд.
Инчунин аз тарафи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги кишвар, аз ҷумла Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 2235 нусха китоб, ҷузва, дастурҳои библиографӣ ва методӣ ба маблағи 53878,48 сомонӣ ва аз тарафи Хонаи китоби Тоҷикистон 1000 нусха Феҳристи библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 25090 сомонӣ, аз ҷониби афроди саховатпеша 816 нусха китобу ҷузва ба маблағи 7790 сомонӣ ҷудо гардида, ройгон ба китобхонаҳои навоҳии водии Рашт тақсим карда шуд.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 22 165 сомонӣ 6253 нусха китобҳои дарсию бадеӣ ворид гардиданд.
Дар китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нав, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ, Иди Ғалаба, Рўзи оила, Рўзи ҷавонон, Рўзи байналхалқии ҳифзи кўдакон, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, инчунин, оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” зиёда аз 700 адад чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, вохўриву суҳбатҳо, намоишҳои китобию матбуотӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Фонди осорхонаҳои ҷумҳуриро 337436 адад экспонат ташкил медиҳад, ки аз ин 45000 адад дар фонди осорхонаи миллии Тоҷикистон, 125418 адад дар фонди осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 44340 адад дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 48132 адад дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 37383 адад дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 14801 адад дар осорхонаҳои ВМКБ, 22362 адад дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфуз аст.
Таҳияи “Феҳристи давлатии Фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар солҳои 2018–2019 пешбинӣ шудааст.
Дар ин замина, бо мақсади суръат бахшидан ба раванди таҳияи Феҳристи фонди осорхонаҳо, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» новобаста аз шакли моликияташон анҷом дода мешавад.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 1 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 Осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 хона-осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Дар Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 48349 адад нигораҳо мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 45 600 нафар тамошобинон дидан намуданд. Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ 380 чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, аз қабили вохўриву суҳбатҳо, мизи мудаввар, лексияҳо, конфронсҳо, намоишҳо бо иштироки таърихчиён, олимон, мутахассисони соҳа ва омўзгорони фанни таърихи муассисаҳои таълимии вилоят доир гардида, 1121 сайри илмӣ гузаронида шуд.
Дар вилояти Хатлон 20 адад осорхонаҳо бо теъдоди 31946 адад нигораҳо фаъолият доранд, ки нисбати соли гузашта 2611 адад нигора ва 1 адад осорхона зиёд мебошад. Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар ноҳияҳои Дўстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кўшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва Данғара осорхонаҳои таъриху кишваршиносӣ то ҳол таъсис дода нашуданд.
Дар Осорхонаи вилоятии ВМКБ бахшида ба рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боътимоди давлат» акси афсарон ва аскарон ба намоиш гузошта шуд. Бахшида ба «Рўзи Модар» дар як гўшаи осорхона бо фарогирии 20 адад аксҳои занони барўманди вилоят таҳти унвони «Бонувони шарафманд» ба намоиш гузошта шуд. Тайи ин муддат ба фонди осорхона 55 адад экспонат ворид гардид, ки шумораи умумии экспонатҳоро ба 8269 адад расонид.
Дар соли 2019 тибқи дастури Пешвои муаззам дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷойҳои нави фароғатӣ – боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бунёд гардиданд. Дар маҷмўъ теъдоди боғҳо аз 70 адади соли 2018 дар соли 2019 ба 88 адад расид, ки 18 ададашон боғҳои навбунёд мебошанд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 21 Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дошта, дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мекунад.
Дар боғҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ ҳамаи атраксионҳо, курсиҳои нишаст таъмир ва рангубор карда шуда, бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ шиору овезаҳо омода гардида, аз рўи мавзўъ ва мундариҷа иваз карда мешаванд. Тибқи Накша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру таҷдид карда хоҳанд шуд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав таҷдид гардида, бо иштироки меҳмонони олиқадр дар арафаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Барқароркунии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан давоми соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ замин ҷудо гардида, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон дар соли 2019-ум 8 адад боғи нав бунёд гардида, дар маҷмўъ дар вилоят 30 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият мекунанд. Танҳо, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р.Мурчаеви шаҳри Бохтар ҷиҳати корҳои сохтмонӣ, сафолакшинонӣ, чароғонкунӣ, гулу ниҳолшинонӣ, харидории арғунчаку атраксион аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 1 млн.370 000 сомонӣ, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳсиддинов Салоҳиддин бо маблағи 3 млн сомонӣ, насби 1-адад ҳавзи шиноварӣ ба маблағи 50 000 сомонӣ, Левакант: дар самти корҳои ободонӣ аз тарафи соҳибкор Неъматзода Ҷумахон 515 000 сомонӣ, шаҳри Норак: аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 2-адад арғунчак ба маблағи 40 000 сомонӣ харидорӣ шуда, инчунин 5-адад ҷойҳои нишаст ба маблағи 2500-сомонӣ, аз ҳисоби буҷа 19 506 сомонӣ барои чароғонкунӣ ва ободонӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: аз тарафи соҳибкор Саъдуллоев Рамазон 1 адад майдони варзишии футболи хурд ба маблағи 400 000, 1-адад линпопо ба маблағи 270 000, аз тарафи директори боғ 1300 бех гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан ба маблағи 4000 сомонӣ, ноҳияи Хуросон: аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти корҳои ободонӣ, азнавсозӣ 48 000 сомонӣ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: бо дастгирии соҳибкорон 30 000 сомонӣ барои саҳнаи Наврўзгоҳ, ноҳияи Данғара: аз ҳисоби парваришгоҳи боғ 3000 қаламчаи гулҳои гуногунранг ва 1200 бех гулҳои садбарг бо маблағи 4200 сомонӣ, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: аз тарафи соҳибкор Нураков Худойназар як майдони варзишии футболи хурд ба маблағи 365 000 сомонӣ, ноҳияи Носири Хусрав: 365 сомонӣ, ноҳияи Шаҳритус: аз тарафи Вазорати маориф 110 000 сомонӣ, аз тарафи соҳибкор майдончаи варзишӣ ба маблағи 157 000 сомонӣ, чароғонкунӣ аз ҳисоби хизматрасони атраксионҳо 8251 сомонӣ, барои харидорӣ намудани гулу дарахтон ва ғайра 551 309 сомонӣ, сафолакчинӣ 30 000 сомонӣ, ноҳияи Кўшониён: 7413 сомонӣ аз ҳисоби кормандон, ноҳияи Восеъ: аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сатторов Нуриддин як майдончаи футболи хурд ба маблағи 400 000 сомонӣ, ноҳияи Ҷайҳун: бо дастгирии директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ба маблағи 200 000 доллари америкоӣ масраф гардида истодааст. Ҳамзамон барои ободонии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кўлоб 11-адад техникаҳои пуриқтидор ва 94 нафар сохтмончиён сафарбар гардидаанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритуз 1-ҷуфт Аквопарк дар ҳаҷми 25Х25 м2 насб шуда истодааст.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Беҳбудӣ бахшидани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати фарҳанг маҳсуб меёбад. Дар соли 2019 чандин иншоотҳои нави фарҳангӣ бунёд гардида, базаи моддӣ техникии муассисаҳо беҳбудӣ ёфт.
Моҳи марти соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен Қасри фарҳанг бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Бо қарори раиси ноҳияи Айнӣ 01.05.2018, №302 клуби деҳаи Анзоб, ки соли 1968 бунёд гардида буд, аз тавозуни хоҷаги деҳқонии ба номи М.Асриддинов ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуд.
Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб ба маблағи 76 000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал таъмир гардида, дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 265706 сомонӣ таҷҳизоти тақвияти овоз ва ба маблағи 80 000 сомонӣ 111 ҷуфт либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд.
Корҳои таъмиру азнавсозии Кохи Ватани шаҳри Бохтар ба анҷом расонида шуда, дар қалъаи Кўлоби шаҳри Кўлоб аз соли 2018 инҷониб аз ҳисоби ҳамоҳангсози иншооти инфраструктураи иҷтимоии шаҳри Кўлоб корҳои азнавсозӣ идома дорад. Мавзеи вохўрии М.С.Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ бо маблағи 300 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб азнавсозӣ гардида, дар мақбараҳои Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Нуриддин, мақбараи Шаҳид дар ноҳияи Данғара, мавзеи таърихӣ-табиии Имом Аскарӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин корҳои ободонӣ рафта истодааст.
Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷ қасри фарҳанг ба истифода дода шуда, сохтмони театри замонавӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, соли 2020 ин театр ба истифода дода мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб клуби ҷамоати деҳоти Рангкўл таъмир гардида, дар ноҳияи Ишкошим хона-осорхонаи таърихӣ ба маблағи 50000 сомонӣ қисман аз таъмир бароварда шуд.
Дар ин давра Ансамбли вилоятии “Шашмақом” бо асбобҳои мусиқӣ таъмин гардид.
Дар соли равон муассисаҳои фарҳанги ВМКБ ба маблағи 5000 сомонӣ асбобҳои техникии компютерӣ, 2261 сомонӣ молу амвол ва 90000 сомонӣ китобҳо харидорӣ намуданд.
Китобхонаи вилоятии ВМКБ 80 нусха китоб ба маблағи 7440 сомонӣ, 1 адад компютер, 1 адад принтер ба маблағи 5500 сомонӣ ва 10 курсӣ ба маблағи 500 сомонӣ харидорӣ намуд.
Дар соли равон барои ансамбли «Навои Бадахшон» компютер – ноутбук, принтер, қолин ба маблағи 9020 сомонӣ ва барои харидорӣ намудани либосҳои саҳнавӣ ва маводҳои конселярӣ 7850 сомонӣ ҷудо гардида, маводҳо дастрас карда шуданд.
Дар ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби маблағҳои бахши фарҳанги ноҳия ба хонаи фарҳанги маркази ноҳия, хонаи фарҳанги деҳаи Намадгут ва мактаби санъат ва рассомӣ бо воситаҳои техникӣ ва тақвияти овоз таъмин гардиданд.
Доир ба харидории таҷҳизот дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баъзе чораҳо андешида шуданд. Аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Бохтар 152 000 сомонӣ, Норак 30797 сомонӣ, Қубодиён 104 000 сомонӣ, Темурмалик 22 000 сомонӣ, Ёвон 35820 сомонӣ, Ҳамадонӣ 56230 сомонӣ, Ховалинг 53000 сомонӣ, Хуросон 13 000 сомонӣ, Данғара 6500 сомонӣ, Восеъ 10 000 сомонӣ, Муъминобод 14 000 сомонӣ, Балҷувон 11 000 сомонӣ, Панҷ 5000 сомонӣ, Дўстӣ 45200 сомонӣ, Ҷ. Балхӣ 159300 сомонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ 2000 сомонӣ дар маҷмўъ 700347 сомонӣ барои харидории таҷҳизот маблағгузорӣ гардиданд, ки нисбати соли гузашта 415092 сомонӣ зиёд мебошад. Мутаассифона, шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кўлоб, Фархор, Ш.Шоҳин, Вахш, Шаҳритус, Носири Хусрав, Кўшониён ва Ҷайҳун дастгирии молиявӣ нагардиданд.
Дар давоми сол аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Мурғоб, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Роғун, Файзобод, Норак, Муъминобод, Ховалинг, Кўлоб, Данғара, Темурмалик, Н. Хусрав, Ҷайҳун, Кўшониён, Панҷ, Шаҳритус, Айнӣ, Ашт, Зафаробод, раёсатҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон дар доираи имконият бо асбобҳои мусиқӣ ва дигар таҷҳизот таъмин гардиданд.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра бо назардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ 68 номгўй китоб, бо теъдоди 325930 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Нақшаи Муассисаи нашриявии «Адиб» барои соли 2019, ки дар мувофиқа бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фарогири як силсила асарҳои хонданиву ҷолиби бузургони адабиёти тоҷику форс, адибони муосири тоҷик ва тарҷумаи осори чанде аз намояндагони адабиёти кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аз ҷумла нашри силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» дар ин сол низ идома ёфта, чор ҷилди он – «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахаботи»-и устод Садриддин Айнӣ, «Куллиёт»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва «Мунтахаби ашъор»-и устод Абулқосим Лоҳутӣ дар ҷараёни нашр қарор доранд. Ҳамчунин асарҳои Мирзо Турсунзода «Сайёҳи Ҳинд», Ҷалол Икромӣ «Тахти вожгун», Бозор Собир «Мунтахаби ашъор», Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», Коллектив «Субҳи Роғун» ва дигарон ба нақшаи соли 2019 шомил гардидаанд.
Нақшаи соли 2019 бештар дар асоси омўзиши талаботи хонандагон таҳия гардида, дар он аксаран асарҳое шомил гардидаанд, ки тақрибан 20-30 сол пеш нашр гардида, имрўз аз рафҳои фурўши китобҳо кампайдо гардидаанд.
Бо тавсия ва маблағгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Куллиёт»-и шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар ҳаҷми 80 ҷузъи чопӣ бо теъдоди панҷ ҳазор нусха ва бо ороиши рангаву мунаққаш нашр гардид. Китоби мазкур рўзи 6-уми сентябр бо иштироки шоирон ва олимону донишмандон мавриди рўнамоӣ қарор гирифт.
Дар соли 2019 Муассисаи нашриявии «Адиб» ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ ба маблағи 44802,45 сомонӣ ва ба тариқи нақдӣ 559488, 16 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Дар давраи мазкур 114 номгўй китоб бо теъдоди 3780 нусха, ки маблағи умумиашон 131256,70 сомониро ташкил медиҳад, ба тариқи ройгон ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Бахши фарҳанги ноҳияи Данғара, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и ноҳияи Дарвоз, китобхонаи Рашт, Қасри фарҳанги Данғара, шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, Раёсати рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар мақомотҳо таҳвил гардид.
Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» бошад дар соли 2019 китобҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ) ҷилди 16 бо теъдоди 1000 нусха, «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ) ҷилди 17 бо теъдоди 1000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» китобҳои I-IV, (бо забони тоҷикӣ) бо теъдоди 1000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» китобҳои I-IV, (бо забони русӣ) дар ҳаҷми 44,0 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 1000 нусха, китоби «Шукуҳи ваҳдат» дар ҳаҷми 12 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 180 нусха, китоби мусаввараи Тоҷикистон, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 1000 нусха, ки дар маҷмўъ 5180 нусхаро ташкил медиҳад, ба маблағи 529790 сомонӣ ба нашр расида, китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилди 18 дар ҳаҷми 36,0 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха зери таҳрир қарор дорад.
Дар ин муддат Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз ҳисоби додани тамға (гриф варақа мҳои ISBN) ба китобҳо, ки миқдори умумиашон 118 адад мебошад, маблағи 13717 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Аз фурўши китобҳо, ки 2431 адад мебошад, маблағи 107884 сомонӣ даромад кардааст. Инчунин 582 нусха китоб ба маблағи 20465 сомонӣ ба таври ройгон дода шудааст. Дар анбори муассиса 26566 адад китоб ба маблағи 1335687 сомонӣ мавҷуд аст.
Дар Намоишгоҳи 9 байналмилалии «Китоби Душанбе» Муассисаи нашриявии «Ирфон» китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Горизонты независимости», «Китоби мусаввараи «Тоҷикистон» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва «Шукўҳи ваҳдат»-ро ба номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» пешниҳод намуд.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” чопи китобҳои бачагонаро ба роҳ монда, дар соли 2019-ум 35 номгўйи китоб, ба маблағи 140 ҳазору 980 сомонӣ, ки дар маҷмўъ 39 000 нусха китобро дар бар мегирад, пурра ба табъ расонид. Дар моҳи феврали соли 2019 Муассисаи давлатии Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ба маблағи 6000, 00 (шаш ҳазор сомонӣ), Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Миршакар ба маблағи 6000 сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи 14 400 сомонӣ аз муассиса китоб харидорӣ намуданд.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» бо мақсади таъмини насли ҷавону наврас бо адабиёти бачагона аз осори бузургон асарҳои ҷолибро вобаста ба синну сол ва зеҳни кўдак пайваста омода намуда, нашр менамояд.
Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар давоми соли 2019 8 номгўй китоб бо теъдоди 11 500 нусха ба табъ расонд.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар радифи анҷом додани корҳои илмӣ-эҷодӣ, дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол буда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангро ҳамзамон иҷро кард. Сарредаксия дар моҳи октябр ду дафъа дар намоишҳои китоб (Рўзи забони давлатӣ дар Кохи Борбад ва нимаи дуввуми моҳ дар Китобхонаи миллӣ) ширкат кард.
Ба бойгонии Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” дар соли 2019 зиёда аз 1350 номгўй китоб, 3418 нусха рўзнома, 261 нусха маҷалла ва 397 номгўйи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 300 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ ташриф оварда, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар ин сол 12 компютери касбӣ ва дигар таҷҳизотҳои муосир харидорӣ ва ба муассиса ворид карда шуданд.
Омоданамоии шакли электронии феҳристи тарҷеии “Репертуари китоби тоҷик” оғоз гардид.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз оғози сол ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар мавриди фурўш ва харидории китоб, мушахассозии нуқтаҳои фурўши китоб ба раисону роҳбарони шаҳру навоҳию вилоятҳо ва ба раёсатҳову бахшҳои фарҳанг дар маҷмўъ 130 адад мактуби расмӣ ирсол намуд.
Аз тарафи Бахши фарҳанги Хуросон, Бахши фарҳанги Файзобод, Бахши фарҳанги Гулистон, Бахши фарҳанги Ванҷ ва мағозаи фурўши китоби №1 аз анбори КДТС “Китоб” китобҳо ба маблағи умумии 22886 сомонию 20 дирам китоб харидорӣ гардидааст.
Дар анбори корхона 110168 адад китоб ба маблағи 1101961 сомонию 84 дирам маҳфуз аст.
Доир ба ташкили намоиш ва фурўши китобҳо, ки самти дигари фаъолияти корхона аст, корхона дар 3 чорабинии Иттифоқи нависандагон, Рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ, дар конфронс ва тадбирҳои фарҳангии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, оғоз ва анҷоми Ҳафтаи адабиёти кўдакон ва наврасон дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дар толори Маҷлиси Олӣ, инчунин бахшида ба таҷлили Рўзи “Шашмақом” дар Хонаи радио ва Рўзи ҷавонон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, бо дархости Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар Боғи “Ирам”, дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ....” дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Кохи Борбад (04.10.2019), дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажўҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз” Китобхонаи миллӣ(22.10.2019) бо намоиш ва фурўши китоб ширкат варзид.
Бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи китобҳои тозанашр тавассути Шабакаи телевизионӣ “Ҷаҳоннамо” бо номи “Тозанашр” барнома таҳия гардида, ба таври муназзам омода ва пахш шуда истодааст.
Бо дастгирии мақомоти маҳалли ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия нуқтаи фурўши китоб ташкил карда шуд. Ҳамчунин бо се соҳибкори инфиродӣ дар пойтахт шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Баъди дарёфти ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оғози ҳамкориҳо дар самти табодули китоб бо ҶДММ “Олами китоб”-и вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала ба миён гузошта шуда буд, ки ҳалли худро ёфт ва ҳоло масъалаи мазкур мавриди омўзиши тарафҳо қарор дорад.
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгарадонии захираи китобхонаҳо, беҳтару хубтар намудани шароити дастрасии аҳолӣ ба китоб тавассути Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар доираи Барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” имсол Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019” бахшида ба 22-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз 17.06.2019 то 22.06.2019 ба ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) роҳандозӣ гардид.
Имсол дар доираи барномаи давлатии мавриди назар 80 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо ин маблағ 97 номгўй китоб бо теъдоди 1771 нусха китоб харидорӣ шуд.
Инчунин аз тарафи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги кишвар минҷумла Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 2235 нусха китоб, ҷузва, дастурҳои библиографӣ ва методӣ ба маблағи 53878,48 сомонӣ ва аз тарафи Хонаи китоби Тоҷикистон 1000 нусха Феҳристи библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 25090 сомонӣ ҷиҳати тақсими ройгон дар миёни китобхонаҳои навоҳии водии Рашт ҷудо гардид.
Рафти “Корвони китоб-2019” тавассути шабакаҳои телевизионии ТВТ, ТВС, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе-HD”, Оҷонсии иттилоотии “Ховар”, сомонаи Вазорати фарҳанг ва шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” инъикос гардид.
Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” дар баробари роҳандозии як қатор тадбирҳои ҷолиб ҳамчунин тавассути ниҳоди тобеи худ, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” бори нахуст бо кулвори пур аз китоб, ки аз осори адибони классику муосир, донишномаҳо, асарҳои пажўҳишӣ, адабиёти кўдак ва ғайра таҳия ёфта буд, ба ноҳия ва шаҳрҳои (Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Исфара) вилояти Суғд фурўши сайёри китобро ба роҳ монд.
ҶСК “Матбуот” дар соли 2019 4 фармоишро иҷро намудааст, ки ҳаҷми умумии он 45 ҷузъи чопӣ буда, теъдоди он 350 000 нусха китобу ҷузваро ташкил медиҳад.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуда, хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шудаанд.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар соли 2019 таҳлил гардида, маълумоти дахлдор ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид.
Дар ин давра «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» таҳия ва ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дастрас гардид.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №256 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» тасдиқ шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки он 8 июни соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз 27 майи соли 2019 барои Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Ҳамчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Шартномаи мазкур тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.05.2019с, №20212(29-11) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон 21 июни соли 2019 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф семинар баргузор гардид, ки дар он корманди вазорат оид ба масъалаҳои тарзи қонунии истифодабарии асарҳо дар шаклҳои гуногун, иҷрои муқаррароти қонунҳои соҳавӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, сухан кард.
Дар вазорат бо мақсади шинос кардани ҷомеа бо қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва баланд бурдани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон лоиҳаи китоби «Маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф»- ро таҳия намуда, дар рўзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо нашр карданд.
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва уҳдадориҳои соҳавӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 71309, 90 сомонӣ ба суратҳисоби шуъба ворид гардид ва ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (25%) 11948,97 сомонӣ, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 6213,43 сомонӣ, (ФҲИА) (1%) 3190,00 сомонӣ, маблағҷудокуниҳо аз даромадҳо оид ба маблағҳои махсус 2860, 06 сомонӣ, трансферҳои асосии дохилӣ ва ташкилотҳои давлатии молия (5%) 1287, 02 сомонӣ, хизматрасонии бонкӣ ба маблағи 278, 01 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағи 33314, 98 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.
Бо дарназардошти васеъ гардидани фаъолияти соҳаи ҳуқуқи муаллиф, дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунҳои соҳавӣ, санадҳои байналмилалӣ, ҳуҷҷатҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) масъалаи тақвият бахшидани соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ба роҳ мондани фаъолияти намояндагон дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ва таҷдиди назар намудани сохтори шуъба ба мақсад мувофиқ аст.

V. РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар оғози сол тибқи Нақшаи фаъолияти раёсату шуъбаҳои вазорат барои соли 2019 Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (58 нафар) барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 48 нафар аз имтиҳонҳои қабул гузашта, айни замон дар муассисаҳои таълимии Россия таҳсил намуда истодаанд.
Ҳоло дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ 6 коллеҷи соҳавӣ ва 2 – мактаб - интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат ва Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) фаъолият менамоянд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гаштанд.
Дар ин муддат консертҳои ҳисоботии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, як қатор маҳфилҳои эҷодӣ ва вохўриҳои аъзои Иттифоқи композиторон бо хонандагону донишҷўён роҳандозӣ гардиданд, ки дар чорабиниҳои мазкур кормандони шуъба саҳмгузор ва иштирокчии бевосита буданд.
Донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактаб интернатҳои миёнаи махсуси санъат ва мусиқии соҳа дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар озмуну фестивалҳо, намоишҳои рассомон, консертҳо ва дигар чорабиниҳо фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.
Дар ДДСТДТ конференсияҳои Ҷумҳуриявии илмӣ–назариявӣ «Мероси ниёгон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Таҷассуми анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар эҷодиёти рассомони тоҷик» баргузор гашт, ки дар онҳо зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ – назариявӣ пешниҳод гардида, маҷмўи конференсияҳо дар ҳаҷми 285 саҳифа ба чоп расид.
Устодони донишкада дар 13 намоиши ҷумҳуриявӣ ва 6 намоиши байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббус ва иқдому дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, 17 нафар донишҷўёни коллеҷ, фаъолона иштирок намуданд. Рўзҳои 22 – 26 ноябри соли 2019 дар шаҳри Истраи вилояти Москваи Федератсияи Россия озмуни XIV- уми байни наврасон ва ҷавонони кишварҳои ИДМ, таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷўи курси 4 - уми шуъбаи «Сурудхонии академӣ» Мирзоев Амриддин, иштирок намуда, бо Сипосномаи озмуни мазкур сарфароз гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар равияи академӣ намояндагони Тоҷикистон дипломантҳои Бозиҳо гардида, Афзалшоҳ Сафарзода дар номинатсияи «Овозхонии эстрадӣ» барандаи Дипломи махсуси Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ «Барои нерўи баланди эҷодӣ» гардид ва дар консерти ҷамъбастии Лауреатҳои Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳунари касбӣ донишҷўӣ бахши 3-юми Коллеҷи ҷумҳуриявии россомии ба номи М.Олимов Ғарибмамадова Жасмин дар озмуни байналмилалии касбии кишварҳои ҳавзаи “Як камарбанд- як роҳ” дар шаҳри Ҷинтсини Ҷумҳурии мардумии Хитой муаррифгари санъати рассомии тоҷик гардида, сазовори дипломи дараҷаи 1-ум гардид. Инчунин, донишҷўёни коллеҷ дар озмуни 6-ум ва 7-уми намоиши байналмилалӣ, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, таҳти унвони “Дружат дети на планете” доир гашт, тайи ду соли охир иштирок намуда, бо тўҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.
Яке аз вазифаҳои асосии соҳаи таҳсилоти касбӣ тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу санъат мебошад. Дар соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг сафи кормандони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбиро зиёд намуда, дар маҷмўъ аз рўи 90 ихтисос 1328 нафар мутахассисонро омода намуданд.
Аз ин теъдод 758 нафар таҳсилро дар шакли рўзона хатм намуданд. 570 нафар кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат ғоибона таҳсил намуда, сафи кормандони дорои таҳсилоти олиро зиёд намуданд.
Аз ҷумлаи хатмкардагон дар соли 2019 ба шуъбаҳои фарҳангу маориф ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо – 342 нафар фиристонда шуда, 3 нафар дар Филармонияи давлатӣ, 3 нафар дар Кумитаи телевизион ва радио, 5 нафар дар Театри давлатии академии опера ва балет, 2 нафар дар Оркестри давлатӣ, як нафарӣ дар ансамблҳои «Лола» ва «Гулшан» бо кор таъмин гардида, 10 нафар ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуданд.
Аз ҷумлаи хатмкардагони коллеҷҳо 87 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Дар маҷмўъ 455 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳа тибқи роҳхат ба ҷойҳои кор фиристода шуданд.
Теъдоди боқимонда-216 нафар ҳуқуқи озодонаи бо кор таъминшавӣ ё идомаи таҳсил дар зинаҳои болотари таҳсилотро гирифтанд.
Тибқи нақшаи кори Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 вобаста ба масъалаи «Вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг» фаъолияти коллеҷҳои соҳавӣ мавриди омўзиш қарор дода шуд.
Омўзиш нишон дод, ки айни замон таъмини коллеҷҳои соҳавӣ бо омўзгорону мутахассисони соҳавӣ, нақшаву барномаҳо, техникаи компютерӣ ва дастуру маводи дигари таълимӣ дар сатҳи лозима қарор дошта бошад ҳам, фаъолият ва вазъи кунунии коллеҷҳо беҳбудиро тақозо менамояд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии соли 2019 барои таъмири бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов 8 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, тайи 2 моҳи охир таъмири синфхонаҳо ва ба талабот ҷавобгў намудани бино аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дошта, бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб сохта мавриди
Вобаста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қайд кардан зарур аст, ки Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 корҳои мушаххасро ба сомон расонид.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг», «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо», «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои солҳои 2017-2019» мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Дар соли 2019 аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 220 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 30 китобу дастур, 103 мақолаи илмӣ, 54 мақолаи илмию оммавӣ ва 33 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 150 мақола доир ба фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.
Ҳамчунин, дар ин давра 15 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардида, ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 40 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Дар давоми соли 2019 олимони пажўҳишгоҳ тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Меҳргон”-ро муштарак бо коршиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон таълиф намуда, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Суманакпазӣ” ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд.
Олимони пажўҳишгоҳ дар таҳияи номинатсияи “Фалак” ҷиҳати сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО саҳмгузорӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сомонаи махсус- www.falak.tj-ро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки он имрўз фаъол аст.
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо қарори Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ аз 27 феврали соли 2019, №7 аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва аз 12 марти соли 2019 соҳиби Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ гардид.
Тадқиқотҳои сотсиологӣ ва сафарҳои хидматӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ходимони илмии пажўҳишгоҳ бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷамъоварии мавод ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳои хидматӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешниҳоди номинатсияҳои «Меҳргон» ва «Суманакпазӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ва тибқи лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон (барои солҳои 2012-2019)» маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ маводи 25 номгўйи китоб, 20 номгўйи рўзномаю ҳафтанома ва 15 номгўйи маҷаллаи солҳои 2018-2019 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ тасвирнигорӣ карда шуд.
Дар ин муддат ҷилдҳои 3, 4, 5 ва 6-уми китобномаи “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” таҳия ва интишор гардид.
Дар соли 2019 ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомўзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиғи фарҳанги миллӣ, нашри маҷмўаҳои илмӣ, китобу рисолаҳо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо тақвият ёфт.
Ба китобхонаи илмии ПИТФИ, ки барои пешрафту рушди илмҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, китобхонашиносӣ, фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайра саҳмгузор аст, дар соли 2019 зиёда аз 250 нусха адабиёти нав ворид шуда, тибқи ҷадвали таснифотии китобдорӣ-библиографӣ гурўҳбандӣ карда шуд ва иловатан дар соли ҷорӣ ба китобхонаи электронии ПИТФИ аз шабакаҳои интернетӣ зиёда аз 100 китобҳои илмӣ-оммавӣ ворид карда шуд.
Вазорат кўшиш намуда истодааст, ки барои пешбурди соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ, ки ба таъсиси мактабҳои бачагонаи санъату мусиқӣ, мактабҳои миёнаи махсуси санъату мусиқӣ ва коллеҷҳои соҳавӣ диққати ҷиддӣ дода шавад, зеро ки онҳо асоси пешбарандаи соҳаҳои мазкур маҳсуб ёфта, заминаи тайёр кардани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат мебошанд. Муассисаҳои таълимии мазкур бояд дар биноҳои наву замонавии дорои тамоми шароит ва таҷҳизоту асбобҳои мусиқиву рассомӣ ва дигар маводу ҷиҳози замонавӣ кору фаъолият намоянд.
Инчунин таъсиси муассисаҳои таълимӣ, бахусус коллеҷҳои санъат ба шаҳрҳои Бохтару Хоруғ ва ноҳияи Рашт, мактабҳои мусиқӣ дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботи замон ва амри воқеӣ дар рушду нумўи соҳаи фарҳанг ва санъати волои миллати фарҳангдўсту тамаддунофар дар Тоҷикистони азизамон мебошад.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Вобаста ба татбиқи нишондоди Паём доир ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давоми соли 2019 мутобиқи моддаи 17 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ»-ро таҳия карда шуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти №195 ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ тибқи дастури Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст ва он бешак шуҳрати кишварамонро дар ҷаҳон афзун менамояд.
Ёдовар менамоем, ки вобаста ба коркарди иловагии номинатсияи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҳисоби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати мазкур дар якҷоягӣ бо коршиноси минтақавии ЮНЕСКО, Президенти ИКОМОС-и Ҷумҳурии Қазоқистон Н.В.Турекулова оид ба баҳогузории рафти анҷоми корҳои номинатсионии «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз 19.08.2019 то 02.09.2019. дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон тибқи хулосаи коршиноси даъватгардида ва талаботи Нақшаи менеҷмент ҷиҳати тақвияти корҳои номинатсионӣ дар шаҳристони Ҳулбук ва шаҳрҳои такягоҳии он (Ҳулбак, Манзаратеппа, Золи Зар ва Қайнар) дар давоми соли 2019 ковишҳои иловагии бостоншиносӣ гузаронида, далелҳои қадимияти ин ёдгории беназири халқи тоҷик ба маърази тамошои сайёҳон гузошта шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар мисоли ёдгории «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисони соҳавии вазорат ва кормандони мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук тақвими «Саразм-Ҳулбук-2019», китобҳои «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» ва «Ремесленное производство средневекового Хутталя», тавсияи методии «Кашф ва бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мероси ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омодаи нашр гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони соҳавии вазорат бо шабакаҳои телевизиону радиои ватанию хориҷӣ аз ҷумла «Сафина», «Тоҷикистон», «Баҳористон», «Синамо», «Ҷаҳоннамо» ва «Мир» наворҳои мустанад ва намоишҳои ҷолиб ба навор гирифта шуда, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки корҳои номинатсионии «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» такмил дода шуда, барои баррасӣ тавассути Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ба маркази мероси фарҳанги ҷаҳонӣ воқеъ дар шаҳри Парижи Фаронса пешниҳод карда мешавад.
Ҷиҳати пешбурди фаъолияти самараноки соҳавӣ, инчунин мутобиқат бо талаботҳои байналмилалӣ ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сарватҳои мероси ғайриманқул мукаммал мегардад. Кормандони вазорат вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (№42 аз 06.08.2001с.) дар якҷоягӣ бо намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни болозикрро дар таҳрири нав омода намуданд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 №1593 қабул гардид.
Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг мутахассисони шуъба моҳҳои апрели соли 2019 семинари ҷумҳуриявиро бахшида ба рўзи байналмилалии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва декабри соли 2019 семинари ҷумҳуриявии «Мероси умумиҷаҳонӣ: тарғиб, ҳифз ва идоракунии Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» бо иштироки мутахассисони касбии кишвар баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи бақайдгирии ёдгориҳои мероси ғайриманқул дар солҳои 2018-2019 дар «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №356) 3416 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,6%-бостонӣ, 23,4%-меъморӣ ва 6% -монументалӣ ташкил медиҳад. Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо кашф ва бозёфт гардидани объектҳои мероси ғайриманқул, миқдори онҳо низ афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омори бақайдгирӣ дар соли 2019 теъдоди сайёҳон ва меҳмонони аз ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар боздиднамуда, тақрибан 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таҳқиқ, омўзиши бостоншиносӣ, бақайдгирӣ ва таҳияи харитаи бостоншиносии ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони муассисаи болозикр 15 адад иҷозатномаҳо - «Варақаи кушод» пешниҳод гардидаст.
Аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгориҳои мероси ғайриманқул: нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи кўшониён таҳқиқ гардида, ёдгориҳои мазкур ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз проблемаҳои ҷойдошта, интиқоли ғайриқонунии мероси моддии манқул ва паҳн намудани маводи номатлуб дар ҷомеа ба шумор меравад. Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақомотҳои зерсохтори он, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 ташхисҳои соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 65 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводҳои номатлуб дар ҷомеа мебошад.
Бо пешниҳоди мутахассисони шуъба аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои зерсохтори он (аз 21.08.2019 таҳти №8/27-1434 сод.) тасарруфи ҳудудҳои ҳифзшавандаи ёдгориҳои бостонӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Шаҳритуси вилояти Хатлон пешгирӣ гардидааст.
Тибқи дархости Вазорати фарҳанг аз 19.03.2019с. таҳти №1-03/720 ҷиҳати муайян намудани маблағгузории “Барномаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” ва пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №2-2(б)-04/266 аз 12.04.2019с. дар давраи солҳои 2012-2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар маҷмўъ маблағи 38605,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи харҷнома дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ ба маблағи 5807,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ба анҷом расонидани корҳои нотамоми барқарорнамоии ҷузъии Қалъаи Муъминобод, тармими Масҷиди Далёни Боло, тармими Қалъаи Ўрда, тармими Мадрасаи Абдуллохон, тармими Қалъаи Вамар, тармими масҷиди таърихӣ ва осорхонаи Шоҳи Хомўш, Қалъаи Бешкент, Ибодатгоҳи насронии Айвоҷ, Мақбараи Хоҷаи Нур, Мақбараи Муҳаммад Башоро, масҷиди таърихии Дар-Дар, Қалъаи Данғара, Қалъаи Золи Зар, Қалъаи Қаҳқаҳа, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, ки дар шохаҳои ҷанубӣ ва шимолии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим воқеъ гардидаанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Таҳлили истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои тармиму барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳалӣ ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ пешбинӣ ва ҷудогардида аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомотҳои назоратии кишвар таҳлил ва баррасӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар самти пешбурди фаъолияти ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои ғайриманқули кишвар як қатор норасоиҳо низ ҷой доранд.
Мушкилоти асосии соҳаи мазкур ин маҳдудияти воҳидҳои корӣ, норасоии дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, ки бевосита барои баргузории ташхисҳои тахассусӣ зарур мебошад ба ҳисоб меравад.
Баъд аз тағйирот ворид намудан ба сохтори дастгоҳи марказии вазорат (моҳи апрели соли 2006) “Инспексияи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ба “Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ” табдил дода шуда, тибқи ҷадвали корбаст воҳидҳои кории шуъба 4-нафар тасдиқ гардидааст.
Чунин тағйирот дар пешбурди фаъолияти самти мазкур таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа назорати ҳолати ёдгориҳои таърихӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо нисбати онҳо, назорати тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои мероси ғайриманқул, пешгирии эъмори ғайриқонунии мақбараҳо ва ҳайкалу муҷассамаҳо нисбатан паст гардид.
Новобаста ба ин, ҷиҳати маҳдуд намудани норасоии воҳидҳои корӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар маҳалҳо тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг аз №2/7 аз 12.04.2016 аз ҳисоби маъмурияти муассисаҳои зертобеи вазорат бо таври сарборӣ нозирони минтақавӣ дар Водии Зарафшон (Директори МТФ “Панҷрўд”), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Директори МТФ Ҳисор), минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон (Директори ОМҶ Данғара), минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон (Директори МТФ Ҳулбук) ва ноҳияҳои кўҳистони вилояти Хатлон (Директори муҷтамаи осорхонаҳои Кўлоб) таъин гардида, ҳифзи мероси ғайриманқули кишварро бо таври ҷамъиятӣ таъмин менамоянд.
Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегардад, дар давраи соли 2019 вобаста ба имкониятҳои молиявии кишвар мавқуф гузошта шудааст.
Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутуни Далёни Боло, Қалъаи Вамар, мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Юсуф, Қалъаи Балҷувон мувофиқи имконияти мавҷудаи маблағгузорӣ идома доранд.
Дар давраи соли 2019 кормандони муассиса бо ходимони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати шимолу ғарбии шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он шабакаи қубурҳои асосӣ ва марказӣ (қутрашон 800мм) обтақсимнамоии шаҳри Ҳулбуки бостониро кашф ва таҳқиқ намуданд, ки вобаста ба ин дар расонаҳои иттилоотии кишвар ва хориҷӣ гузоришҳо пешниҳод гардид.
Ҷамъоварии маводҳои мероси хаттӣ, илмӣ-бостоншиносӣ оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маданӣ, хоҷагидорӣ, фарҳангӣ, санъати меъморӣ, соҳаҳои гуногуни ҳунармандии миллати куҳанбунёди тоҷик дар намунаи осори бостонии шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва шаҳрҳои такягоҳии он, инчунин робитаҳои ҳамҷавори он дар минтақа идома дорад.
Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд. Дар доираи таҷлили навбатии ҷашни Наврўзи фархундапай як маҳфили бонуфуз таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврўз аст» баргузор карда шуд. Кормандони муассиса ба 6018 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ хизмати фарҳангӣ расониданд.
Кормандони муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара фаъолияти муассисаро аз рўи Нақшаи солона ба роҳ монда, иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ намуда, фаъолияти худро самаранок ба роҳ монданд.
Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 7 августи соли 2019 дар ҳудуди муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” воқеъ дар мавзеи таърихии Дараи Мухтор осорхонаи нави замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир иборат аз 2 толорҳои барҳавои намоишӣ бо масоҳати умумии аз 534 м2, ки бо саҳмгузории Вазорати корҳои дохилӣ бунёд карда шуд, мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии сокинони кишвар хусусан ҷавонон ва наврасон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии фаъолияти мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг мебошад.

VII. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат” дар сатҳи баимзорасӣ буда, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия “Оид ба таъсиси мутақобилаи марказҳои фарҳангӣ” дар ҳолати мувофиқасозӣ зимни нишасти коршиносони соҳа қарор дорад. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг”, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат ва мероси фарҳангӣ” ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг” таҳти мувофиқасозӣ ва иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ қарор доранд.
Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Хитой, Бангладеш ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Австрия иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид намуданд.
Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 10 нафар ҳунармандон дар Фестивали 33-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Гурўҳи эҷодӣ иборат аз 6 нафар дар ҷашнвораи бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар санаи 26-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ширкат варзиданд.
Рўзи 2 май намояндагони Тоҷикистон дар таҷлили зодрўзи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд ширкат варзиданд.
Тибқи иҷозат ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 14-18 май 2 нафар дар Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё Форуми сайёҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ, гурўҳи эҷодӣ иборат аз 30 нафар дар Карнавали тамаддунҳо дар Осиё, ки дар шаҳри Пекин барпо гардида буд, ширкат варзиданд.
Дар санаи 15-17 майи соли ҷорӣ дар сатҳи шоиставу арзанда Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки 41 нафар ҳайати расмию эҷодӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан баргузор гардиданд.
Моҳи май намояндагони Вазорати фарҳанг ҷиҳати боздид, табодули таҷриба, ташкили синфҳои маҳорат ва кушодани гўшаи фарҳанги Тоҷикистон дар Донишгоҳи илм ва санъати шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Рўзҳои 1-4 сентябри соли ҷорӣ Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг Комилзода Ш. ва мутахассиси вазорат Пиров А. дар конфронси байналмилалӣ оид ба “Фарҳанг пули муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ”дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар иштирок намуданд.
Тибқи иҷозату розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №29/10-617 аз 10 октябри соли 2018 Ҷаласаи XXXIV Шўро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 17-20 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар сатҳи шоиста ва арзанда барпо гардида, дар он намояндагони расмии соҳаи фарҳанги давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.
Дар нахустконсерт аз операи Ҷоакино Россини таҳти унвони “Сартароши Севилӣ” бо иштироки ҳунармандони оркестри симфонии ба номи Россинии шаҳри Пезарои Ҷумҳурии Италия, ки 29 сентябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардида буд, вазири фарҳанг иштирок намуд.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Полша, Эрон, Италия, Афғонистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Исроил, Амрико ва роҳбарияти Бонки чаҳонӣ, намояндагии “Россотрудничество” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишкадаи дизайн ва санъати Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо, махсусан табодули Рўзҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
10-16 ноябр Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомат баргузор гардида, дар он ҳунармандони варзидаи ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
22-26 ноябр омўзгорони кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар симпозиуми санъатшиносӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок намуданд.
Дар Комиссияи муштараки Тоҷикистону Миср бо мақсади густариши ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.
Моҳи декабри соли 2019 дар Фестивали рақсу суруд дар Ҷумҳурии Ҳиндустон 8 нафар ҳунармандони тоҷик ширкат варзиданд.
4 декабр Сафорати Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди миллии он кишвар чорабинии фарҳангиро бо даъвати ансамбли мардумӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ташкил намуданд.
Дар Ҷаласаи 14-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 9-14 декабри соли ҷорӣ дар Колумбия баргузор гардид, муаллифи номинатсияи “Фалак” Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода-доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов иштирок намуда, оид ба номинатсия ҳисобот дод.
Мувофиқи номаи сардори шуъбаи намоишгоҳи осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Чэнья ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи санъати тасвирии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 23-29 декабри соли 2019 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, ректори Донишкадаи Давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат иштирок намуд.
Густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳуриҳои Корея, Япония, Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Намояндаи кишвар дар вохўриҳои вазирони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО ва кишварҳои исломии ИСЕСКО ширкат ва баромад намуда, фарҳанги антиқии кишвар ва дастовардҳои фарҳангиро муаррифӣ намуд.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадории мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи марказии вазорат 3 маротиба аттестатсия гузаронида шуд, ки дар он 25 нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намудаанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашнҳои Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-солагии Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», бахшида ба 10-солагии Муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба таҷлили «Рўзи театри тоҷик» ва 90-солагии Муассисаи давлатии «Театри давлатии акдемии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ» як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Дар тамоми соҳаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2480 муассиса фаъолият доранд, ки теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 16078,75 нафар буда, айни замон 15136 нафар фаъолият мекунанд.
Теъдоди мардҳо 7975 нафар, яъне 52,6%, теъдоди занон 7161 нафар, яъне 47,3%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди роҳбарон 2520 нафар, яъне 16,6% буда, аз ҷумлаи занони роҳбарикунанда 1000 нафар, яъне 39,6%-ро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019 аз дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар ташкилоту муассисаҳои театрӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва таълимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамагӣ 10 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, яъне 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 7 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.
Дар асоси қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.07.2018, №3/9 «Дар бораи Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг» бо мақсади дар амал татбиқ ва таъмин намудани талаботи моддаи 267 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 16, 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2016, №14 аттестатсияи кормандони муассисаҳои давлатии зертобеи Вазорати фарҳанг гузашта истодааст.

IX. СОХТМОНИ АСОСӢ

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №594 аз 29.12.2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн.400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардид: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод – 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав - 900 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – 520 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда – 80 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, моҳи апрел озмуни интихоби пудратчиёни сохтмони иншоотҳо гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ аслан аз семоҳаи дуюм оғоз гардида буданд. Дар давоми сол дар ҳар се иншоот, мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии онҳо корҳои муайяни сохтмону васлкунӣ иҷро гардида, маблағҳои пешбинишуда пурра азхуд карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашарҳои дастаҷаъмона дар баъзе ноҳияҳо якчанд муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гардиданд ё ин ки сохтмонашон идома дорад, ки 5 китобхона дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Темурмалик, қасри фарҳанг барои 500 ҷой дар ҷамоати Кангурт ва қасри фарҳанг барои 300 ҷой дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик, китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Панҷ, китобхона дар ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мўъминобод, осорхона ва китобхона дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бинои иловагӣ дар осорхонаи Ҳаким Носири Хусрави ноҳияи Шуғнон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, маблағгузории корҳои таъмирии аксарияти муассисаҳои тобеъ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои таълимӣ ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар маблағ пешбинӣ шуда буд. Дар муассисаҳои мазкур санадҳои нуқсонии корҳои зарурии таъмиру сохтмонӣ тартиб дода, барои маблағгузорӣ пешбинӣ шуда буданд ва маблағҳо истифода гардиданд.
Ҳамчунин, бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №48 аз 06.03.2019 ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон шартномаҳо баста, ба корҳои аввалиндараҷа, яъне омодагии биноҳо ба фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистон, таъмини бехатарӣ аз сўхтор диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин, тибқи супоришу дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №19 аз 30 январи соли 2019 ҷиҳати омодагӣ ва баргузории таҷлили «Иди байналмилалии Наврўз» ва дигар ҷашнҳои пешомад ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шудаанд, ки барои саривақт омода намудани намои биноҳои худ, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат шахсони мутасаддӣ ба ҳар як иншоот вобаста гардида, таъмиру ободонии иншоотҳо ва гирду атрофи онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Оид ба зимистонгузаронӣ. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №117 аз 29 марти соли 2019 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» вазорат то ин давра корҳои муайянеро анҷом дода буд.
Тибқи қарори мазкур, бо Қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2019, №1/4 Ситоди фаврии вазорат оид ба ин масъала ташкил гардида, кори худро оғоз намуда буд. Инчунин Нақшаи чорабиниҳо дар бораи саривақт омода намудани ташкилоту муассисаҳои тобеъ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони пешомад таҳияву тасдиқ гардида, ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои тобеъ барои иҷро фиристонида шуда, корҳо дар ин самт таҳти назорати доимӣ қарор дошт.
Гармидиҳии муассисаҳои соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби гармкунакҳои равғанӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, ҳангоми ба вуҷуд омадани сардиҳо аз печҳои аловӣ истифода мебаранд. Ба ин мақсад ҳезуму ангишт захира шуда истодааст. Маблағгузориашон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
Ташкилоту муассисаҳои вазорат, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд ва имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии марказӣ доранд, ин корро ба анҷом расонида, аз тарафи Корхонаи гармидиҳии шаҳр шиносномаҳои омодагӣ гирифта шудааст.
Дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи вазорат ба якчанд бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун кўмаки моддӣ-техникӣ аз ҳисоби муассисаҳои тобеъ ва худи вазорат амволи гуногун, аз ҷумла мебели идоравӣ, техникаи компютерӣ, кондисионерҳои гармидиҳӣ-хунукафзоӣ, асбобҳои мусиқии тақвияти овоз, либосҳои саҳнавӣ, курсиҳои театрӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва ғайра ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мутахассисони шуъбаи аудити дохилӣ мувофиқи нақша дар 16 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла 3 муассисаи театрӣ, 1 муассисаи консертӣ, 2 муассисаи таълимӣ, 3 осорхона, 6 муассисаи нашриявӣ ва 1 муассисаи илмӣ вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷотнагардида, зиёдпардохти сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, сари вақт пардохт накардани сарфаи тендерӣ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд. Камбудиҳо ислоҳ гардида, маблағҳо ба буҷет барқарор гардиданд.
Инчунин вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30.08.2013, «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии соҳаи фарҳанг барои солҳои 2017-2019, ки қаблан бо фармоиши вазири фарҳанг аз 12.04.2017, №68 тасдиқ гардида буд, вохўрӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар соли 2019 маблағи – 97 388,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт –5958,5 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ 40 862,9 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат – 45 494,6 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ –2 671,8 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ 2400,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар соли 2019 бо тағйироту иловаҳо ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Соҳаҳо Нақша
Ҳақиқӣ
Таносуби иҷро
Бо тағйирот Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %

2018
2019
2018
2019
2018 2019 2018 2019
1 2 3 4 5
Матбуоти
даврӣ ва
нашриёт
5 036,3

5958,5
5 036,3

5958,5
0
0
100
100
Муассисаҳои таълимӣ
33 308,4

40 862,9

33 156,1
40 764,1

152,3
98,8

99,5
99,8
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат

39 884,1

45494,9

39 481,8

45362,4

402,3

132,5

99,0

99,7
Дастгоҳи марказӣ
2 306, 5

2671,8

2 222,5

2542,3

84,0
129,5
96,3
95,2
Сохтмони асосӣ
2400,0
2400,0
2400,0
2400,0
0
0
100
100

Ҳамагӣ 82935,3 97388,1 82296,7 97027,3
638,6
360,8
99,2
99,6
Иҷрои ҳақиқии буҷет дар соли 2018 – 82 296,7 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 99,2%-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт 5036,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ 33 156,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99,5 %, ба соҳаи санъат ва фарҳанг-39 481,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99 %, дастгоҳи марказӣ-2 222,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 96,3 % ва сохтмони асосӣ 2400,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100% маблағгузорӣ шуда буд. Дар соли 2018 –638,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 0,7%-и маблағҳо ҷудо нагардида буд.
Дар соли 2019 барои ташкилоту муассисаҳои соҳа ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 97027,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 99,6 %- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 5958,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ – 40764,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99,8 %, соҳаи фарҳанг ва санъат –45362,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 99,7 %, дастгоҳи марказӣ – 2542,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 95,2 % ва сохтмони асосӣ 2400 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 % маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 360,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 0,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар соли 2019 маблағҳои ҷудонашуда аз моддаҳои хароҷотии сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Дар соли 2019 – 90 номгўи китобҳо ба миқдори – 85,3 ҳазор нусха чоп гардида, маблағи фурўши он 1995,0 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Дар соли 2019 – 68 шумора маҷалла бо теъдоди 58,2 ҳазор нусха ва тибқи нақша 54 шумора рўзнома бо теъдоди 43,9 ҳазор нусха чоп гардида, маблағи фурўши маҷаллаву рўзномаҳо 477,5 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши мол дар соли 2019 – 176,2 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла ҳаҷми фурўши чаканаи китобҳо – 176,2 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти молии саноатӣ дар соли 2019- 303,2 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар соли 2019 шумораи намоишҳои театрию консертӣ – 104 % иҷро шудааст.
Ҳамзамон дар соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории фосилавӣ, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг барои соли 2020 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2021-2022, дурнамои андозҳо иҷрои воқеии соли 2018, баҳодиҳӣ барои соли 2019, дурнамои соли 2020 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2021-2022, Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатии соҳаи фарҳанг ва варзиш барои соли 2020 ва параметрҳои дурнамои он барои солҳои 2021-2022 ва лоиҳаи буҷети заминавии соҳаи фарҳанг барои солҳои 2020-2022 таҳия гардида, пешниҳод гардиданд.

XII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 5484 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 1296 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 11 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 8 фармоиш, 8 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1186 ададро ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Аз 1296 санад, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, 347 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 729 адади он иҷро гардида, 220 адад мавриди иҷро қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра 252 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 237 адади он иҷро, 17 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 58 адад иҷро гардида, 2 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 249 нафар қабул гардиданд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 4188 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 1678 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 2194 адади он иҷро гардида, 316 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 3441 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 602 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2839 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад фармон, 98 адад шартнома ва 256 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2019-ум 5 ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор ва дар онҳо 29 масъала баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон дар самти таъмини бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, сари вақт дастрас намудан, назорат намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва назоратӣ, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.
Вазорати фарҳанг аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 декабри соли 2019 ироа гардид, руҳбаланд гардида, онро сармашқи кори худ барои соли ояндаи 2020 қарор дода, баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрўза, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои соли 2020, амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро равона хоҳад намуд.