Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Июл 2020 / 15:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми соли 2019 гардид. Зимни ироаи он Пешвои муаззами миллат дастовардҳои кишварро дар соли 2019 ҳамаҷониба таҳлили намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорон ва тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба масъалаҳои умдаи сиёсати дохиливу хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт – саноат, энергетика, сохтмони роҳҳои нав, таъмини ваҳдату якдигарфаҳмӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, андешидани тадбирҳои муассири иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф ҷалб намуданд.

Бо зикри муҳиммияти соҳаҳои илму маориф барои имрӯзу фардои кишвар Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки «дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».
Дар Паём ба масъалаҳои ҳифзу гиромидошт ва ғанӣ гардонидани забони давлатӣ, ҳамзамон омӯхтани забонҳои хориҷӣ, тарғиб ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, вобаста ба ин дар назди мақомоти марбутаи давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки, «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Ба андешаи Пешвои миллат «мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем».
Мавриди зикр аст, ки масъалаи гиромидошти забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ на танҳо дар паёмҳои Пешвои миллат, балки дар бисёр вохӯриву мулоқотҳои сарвари давлат бо намояндагони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, махсусан ҷавонон пайваста садо медиҳад. Аммо дар Паёми соли 2019 масъалаи омӯхтани забонҳо хориҷӣ дар робитаи ногусусатанӣ бо мутолиаи китоб ва маърифатнокгардонии афроди ҷомеа баррасӣ гардид.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳамин нуктаи муҳим ҷалб намуда, фармудаанд, ки «ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки сарвари давлат оид ба илму маориф, рушди фарҳанг ва масъалаҳои ба онҳо вобаста иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онҳоро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаҳои номбурда на танҳо барои соли оянда, балки барои ояндаи дур арзёбӣ намуд.
Зимни ибрози андеша оид ба китоб ва нақши он дар ҷомеа Пешвои миллат қайд намуданд, ки «тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад».
Воқеан, нигаронии Пешвои миллат заминаи воқеӣ дошта, имрӯз дар олам пайомадҳои манфии аз китобхонӣ дур шудани як қисми сокинони сайёра аз оқибатҳои фоҷиабори ҳаводиси сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва фалокатҳои экологӣ мудҳиштар мебошад. Зеро аксарияти пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳонӣ то андозаи муайян ба ҷараёни аз китобу китобхонӣ дур шудани онҳое мебошад, ки ба вусъати равандҳои мазкур робита доранд ё сабабгори зуҳури ҳамин гуна равандҳо мебошанд. Барои он ки ҷомеаи тозабунёди мо аз бемории «китобситезӣ», «китоббезорӣ» эмин монад, Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ин масъалаи барои тақдири ояндаи давлату миллат бағоят муҳим пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамеша бо ташаббусҳои наҷиб ва амалҳои шоиста барои ғановати дунёи маънавии мардуми тоҷик, бахусус насли наврас саҳм мегузоранд. Дар ин радиф метавон аз қабул ва амалӣ гардидани як силсила барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдорӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютерикунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»-ро, ки маблағи умумии онҳо қариб 23 млн сомониро ташкил медиҳад, ёдовар шуд.
Илова бар ин, дар раванди татбиқи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» барои бунёду азнавсозии китобхонаҳо, мукаммалгардонии фонди онҳо бо адабиёти тозанашр, таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, омоданамоии кадрҳои китобдорӣ, такмили ихтисоси онҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати чорабиниҳои вобаста ба тарғиби китоб, баргузории фестивалу озмунҳои китобдорӣ аз беҷети давлат маблағҳои зиёд масраф гардидаанд.
Ҳамзамон, эълони 4-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб», бунёди бинои дар Осиёи Марказӣ беназири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бунёд ва азнавсозии шумораи зиёди китобхонаҳо дар деҳоти мамлакат, аз ҳисоби маблағҳои Фонди президентӣ чоп гардидани куллиёти як зумра олимону адибон, силсилаи «Ахтарони адаб», донишномаҳо, бо дастури Сарвари давлат, ба тамоми китобхонаву муассисаҳои кишвар ба таври ройгон туҳфа гардидани Қуръони карим, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2019 баргузор ва ҷамъбаст гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз зумраи тадбирҳое ба шумор мераванд, ки барои баланд бардоштани мақоми китобу китобхонаҳо ва тавсеаи фарҳанги мутолиаи китоб мусоидат менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои хоси сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки он бо дарки ниёзҳои ҷомеаи тозабунёди Тоҷикистон ва таҳаввулоти азими ҷаҳони муосир ҳадафнок ва пайгирона аст. Зеро ҳангоми пешниҳоди ҳама гуна иқдому ташаббус ва татбиқи нақшаҳо на танҳо вазъи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ дар дохили кишвар, балки авзои доимотағйирёбандаи ҷаҳони муосир бо тамоми ҷузъиёти он ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, тамоми тадбирҳои андешидашуда ҳадафрас буда, бо натиҷаи барои ҷомеа матлуб ба анҷом мерасанд.
Аз ин ҷост, ки бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи китобдории худро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ намуда истодааст, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат воқеан беандоза бузург аст.
Вобаста ба муносибати насли наврас нисбат ба китобу китобхонӣ Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлисии Олӣ бори дигар хотиррсон намуданд, ки «доир ба ин масъала (яъне муносибат ба китоб) ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд». Ибрози чунин андеша хусусияти пайгирона доштани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро собит менамояд.
Дар Паём Пешвои миллат ба як масъалаи барои ҷомеа басо шигифтангез – аз гардиш бозмондани 2 млн. нусха китобҳое, ки дар анборҳои нашриётҳои кишвар маҳфузанд, ёдовар шуданд ва барои раҳоӣ аз ин вазъият таъкид намуданд, ки «роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».
Дар радифи ҳамин дастури Президенти мамлакат агар як қисми китобҳое, ки аз гардиш мондаанд, ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат ба таври ройгон ба китобхонаҳои мактабӣ ва давлатию оммавӣ тақсим гардида, қисми боқимондаи он барои пӯшонидани хароҷоти матбааву нашриётҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ харидорӣ ва ба китобхонаҳои номбурда тақдим мегардид, чунин иқдоми хайр дастовези муносибтарин ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардид.
Бо Амри Президенти мамлакат баргузор ва бомуваффақият ҷамъбаст гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” бори дигар собит намуд, ки дар баробари тадбирҳои гуногун андешидани чораҳои ҳавасмандӣ ба раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа мусоидат намуда, боиси эҳё ва рушди фарҳанги китобхонӣ мегардад ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ҷалб менамояд.
Давраи чоруми он ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҷониби ҳакамони варзидаи илму адаб натиҷагирӣ ва дар сатҳи касбӣ арзёбӣ гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки озмуни мазкур бо рӯҳияи баланди фарҳангдӯстӣ ба ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфта, бо шарофати он аз байни қишрҳои гуногуни ҷомеа истеъдодҳои нодир кашф гардиданд.
Сарвари муаззами кишвар бо назардошти аҳаммияти он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум пешниҳод намуданд, ки … «ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Яъне Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро аз рӯйи се самт: якум – миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм – таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм – дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».
Таваҷҷуҳи хос ва таъкиди ҷузъиёти баргузории озмуни мазкур аз ҷониби Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик беандоза бузург аст.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат зина ба зина боло рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Аз соли 2014 инҷониб Китобхонаи давлатии патентию техникӣ озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-ро баргузор менамояд. Дар он тамоми китобдорони ҷумҳурӣ аз рӯйи се номинатсия «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» иштирок намуда, аз ҷониби ҳакамон қадршиносӣ карда мешаванд.
Танҳо дар давоми соли 2019 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муҳимми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва рӯзҳои фарҳанги кишварҳои хориҷиро дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ баргузор намуд.
Соли 2019 таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон», «Китоб ва мусиқӣ», «Библиомарафон», «Намоиши IX байналмилалии «Китоби Душанбе» ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардиданд.
Илова бар ин, аз ҷониби Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо ибтикорӣ Вазорати фарҳанг аз ҳисоби маблағи баргузории Фестивали «Китоб ва мусиқӣ» дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ китобҳои бачагона харидорӣ ва ба Мактаб-интернатҳои кишвар туҳфа гардиданд.
Дар доираи «Намоиши IX байналмилалии «Китоби Душанбе» дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҷалби шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг намоиши китобҳо, конференсия ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ, рӯнамои китобҳо, ҳавасмандгардонии ғолибони Озмуни «Библиомарафон» зери шиори «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардиданд.
Зикри ҳамин нукта басо муҳим аст, ки Пешвои миллат иқдомот ва ташаббусҳои наҷиб оид ба китобу хониш, аз ҷумла Амри хешро доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар даврае ба имзо расониданд, ки соли 2019 дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли китоб» эълон гардида буд ва ин бори дигар собит менамояд, ки сиёсати китобдории Сарвари муаззам ҳамқадами замони муосир ва ҷавобгӯйи ниёзҳои маънавии мардуми тоҷик мебошад.
Вобаста ба ин, бо дастури роҳбарияти вазорати фарҳанг дар кишвари мо як силсила чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба «Нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли китоб» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019» ворид карда шуда, ҳар як чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони китобхонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барпо гардида, масъалаҳои муҳимму ҳалталаби соҳаи китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Конференсияҳои минтақавии «Татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар китобхонаҳои илмӣ», «Китоби қаламӣ ҳамчун манбаи ҳуҷҷатии мероси фарҳангӣ», Фестивали «Китоб ва мусиқӣ», конференсияҳои байналмилалии «Китобхона дар даврони инноватсия: вазъ ва дурнамо», «Ҳамкориҳои китобдорӣ-иттилоотии кишварҳои ИДМ: самтҳои инноватсионии рушд» аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошанд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур, инчунин намоиши китобҳо, шарҳи китобу рӯйхатҳои библиографии китобҳои нав, рӯнамои китоб ва дастовардҳои китобдорони мамлакат манзури ҳазорон нафар иштирокдорон ва хонандагон гардид.
Одатан, ҳар як ташаббус ва иқдоми Пешвои муаззами миллат мантиқан ба ҳам робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар кадом барои расидан ба ҳадафи муайян нигаронида шудааст.
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дарки муҳиммияти ҳар кадоми он барои рушди ояндаи Тоҷикистон, бахусус ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар, ки туфайли он тибқи дастури Сарвари мамлакат бояд «…то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад», зарурати омодасозии мутахассисоне зарур аст, ки оянда аз уҳдаи идора кардани соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат бароянд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «…ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд». Ҳамзамон, таъкид гардид, ки «….ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд».
Мусаллам аст, ки дар роҳи татбиқи тамоми ҳадафҳои стратегиии миллӣ нақши китобхонаҳо басо бузург аст. Зеро бе иштироки фаъолонаи онҳо, ки марказҳои асосии фароҳамоварии иттилооти тозаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ маҳсуб меёбанд, дар сатҳу сифати зарурӣ анҷом додани тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон душвор хоҳанд шуд. Бинобар ин дар Паёми хеш Президенти мамлакат пайваста ба масъалаи мутолиаи китобҳои гуногун ва табдил додани китобхонаҳо ба марказҳои асосӣ ва муҳимтарини илму фарҳанг эътибори ҷиддӣ дода, масъулони мақомоти марбутаи давлатиро вазифадор намуданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Воқеан, китобхона дар ҷомеаи имрӯза ба як ниҳоди бузург ва муҳимми иҷтимоиву иттилоотӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, дар раванди идораи он бояд мутахассисони баландпояи ҳирфаӣ ҷалб карда шаванд. Чунки дар китобхона, агар фаъолияти он воқеан дар заминаи дониш ва маҳорату малакаҳои касбӣ роҳандозӣ шуда бошад, равандҳои гуногун – гирдоварӣ, ҷобаҷогузорӣ, интихоб, таҳлилу коркард, пажӯҳиши дастнавису осори гуногуни чопӣ, маводи аудиовизуалӣ (дидорӣ ва шунидорӣ), электронӣ ва ғайра ҷараён гирифта,ба ниёзмандон хадамоти гуногун: иттилоотӣ, маълумотӣ ва фактографӣ расонида мешавад, тавсифҳо, маълумотнома, рефератҳо, дастурҳои методӣ, библиографӣ, роҳбарикунанда, маҷмӯаву рисолаҳо, стандартҳои соҳавӣ ва миллӣ таҳия мегарданд. Ҳазамон, китобхона макони баргузории чорабиниҳои гуногуни адабӣ-бадеӣ, илмию фарҳангӣ – намоишҳои китоб, озмунҳо, шабҳои адабӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо адибону олимон, ҳамоишҳои илмӣ (мизи мудаввар, семинар, тренинг, конференсия, симпозиумҳо), тайёрнамоӣ ва бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ буда, бо тақозои ҷомеаи муосири иттилоотӣ бо таҷҳизот ва технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар кишварҳои мутараққии олам китобхонаҳо дорои неруи пурқуввати илмӣ, қабл аз ҳама олимону мутахассисони касбие мебошанд, қодиранд мураккабтарин масоили соҳаи китобшиносӣ, иттилоотшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, таърихи китобро дар сатҳи барои ҷомеа матлуб ҳаллу фасл намуда, кишварашонро дар сатҳи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Асри XXI, ки онро маъмулан ҷомеаи иттилоотӣ меноманд, дар назди китобхонаҳо вазифаҳои басо мураккабу печида, ҳамзамон бағоят муҳим – таҳқиқи масъалаҳои вобаста ба сотсиология хониш, ҷойгоҳ ва тақдири китобу китобхона дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ ва бозори муосири иттилоотӣ, таъмини дастрасии озодонаи истифодабарандагон аз фонди китобхона ва захираҳои дурдасти электронӣ, ҷустуҷӯй ва дарёфти равишҳои инноватсионии фаъолият, риояи ҳуқуқи муаллиф ҳангоми рақамигардонии фондҳо ва боз садҳо масъалаҳои вобаста ба ташаккули фарҳанги иттилоотиро гузоштааст, ки онҳо дар зери таъсири таҳаввулоти ҷаҳони муосир пайваста бо тобишҳои гуногун ҷилвагар мегарданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо тақозои мақом ва рисолати иҷтимоии хеш бояд тамоми фаъолиятҳои мазкурро фаро гирифта, дар радифи корҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, таълимӣ ба тамоми китобхонаҳои кишвар новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият ёрии амалию методӣ расонад.
Мусаллам аст, ки имрӯз дар мақоми китобдори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бояд онҳое ифои вазифа намояд, ки пеш аз ҳама дорои тахассуси касбӣ, маҳорату малакаи кор бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ бошанд, таснифоти гуногуни илм ва китобдорӣ-библиографиро донанд, ба идоранамоии равандҳои хизматрасониву иттилоотӣ, бунёди захираҳои иттилооти анъанавӣ ва электронӣ қодир, аз хусусияти кори шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, захираҳои маҷозии иттилоот огоҳ бошанд, забонҳои хориҷиро донанд, дастурҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, барнома ва консепсияҳои рушд, дастурҳои библиографӣ ва методиро таҳия карда тавонанд, методикаи ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни оммавии китобхонавӣ – семинар, конференсия, симпозиум, форуми соҳавӣ, мизи мудаввар, хулосаи библиографӣ, рӯнамои китоб, намоиши китоб ва амсоли онро хуб донанд. Танҳо дар ҳамин маврид, китобдор ҳуқуқи маънавии дар ин маркази бузурги илмию фарҳангӣ ва китобдории мамлакат – Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти намудан ва ба мартабаи баландтар соҳиб шуданро пайдо мекунад.
Дар радифи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки яке аз ҳадафҳои асосии он беҳтар намудани инфрасохтори деҳот мебошад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ба бунёди китобхонаҳои нав, таҷдиду азнавсозии китобхонаҳои мавҷуда камар баста, дар самти таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос, таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, адабиёти тозанашр, мебелҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар ин росто татбиқи дастури Президенти мамлакат оид ба ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва умуман шаҳрвандони бонангу номуси кишвар барои сохтмону азнавсозии муассисаҳои соҳаи маорифу фарҳанг бағоят муҳим мебошад.
Бо мақсади муайян намудани таносуби ҷойгиршави китобхонаҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, мутобиқати шумораи онҳо ба нуфузи аҳолӣ, шумора ва таркиби фонди онҳо, ба талаботи замони муосир гузаронидани барӯйхатгирии ҷумҳуриявии китобхонаҳо ба мақсад мувофиқ аст. Қабл аз гузаронидани он мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ бояд бо ҷалби мутаҳассисону олимон ва коршиносони варзидаи соҳа тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар соҳаи китобдории мамлакат ин саривақт бо адабиёти тозанашр таъмин намудани фонди тамоми намуди китобхонаҳо ба шумор меравад, зеро танҳо дар заминаи иттилооти тозаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ китобхона имкони ширкати фаъолона дар раванди ташаккули завқи бадеӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, тафаккури техникӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллиро пайдо мекунад. Вобаста ба ин дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки «…роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».
Татбиқи амалии ин дастури сарвари давлат на танҳо ба рушди китобхонаҳои деҳот мусоидат менамояд, балки фазои маънавию фарҳангӣ ва иттилоотии кишварро солим, дастрасии аҳолии деҳотро ба китобу матбуоти тозаэҷод ба маротиб беҳтар гардонида, раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиро вусъат мебахшад.
Дар ҳамин радиф, қайд намуданд, Президенти кишвар – «…ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».
Арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ, эҳё ва рушди фарҳангу ҳунаре, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ифтихор аз осори гаронарзиши илмию адабии онҳо меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки таҳкурсии он таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг ва фазои муосири иттилоотӣ, ки қодир аст ҳама гуна марзҳоро барҳам занад, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат беш аз пеш аҳаммияти хоса пайдо мекунанд. Ба андешаи Сарвари давлат «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» ва илова намудаанд, ки: «Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».
Бузургии Пешвои муаззами миллат, қабл аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ӯ нисбат ба тамоми масъалаҳое, ки ба тақдири ояндаи миллат иртибот дорад бо ҳисси фавқулода баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, саъю талоши беандоза мекунад, то ин ки ҳар иқдом ҳадафманд бошад, пайомади он ба раванди рушди устувори Тоҷикистон ва мақоми арзанда пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбат расонида, самараи матлуб ба бор орад.
Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари муаззами кишвар аз ҳисоби Фонди президентӣ чоп ва тақдим намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба тамоми аҳолии кишвар яке аз нуктаҳои муҳимми Паёми имсола буд ва вобаста ба он ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки «…бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Шоистаи зикр аст, ки ҳар як паёми Пешвои миллат роҳнамоест, ки мардуми моро ба фатҳи қуллаҳои мурод, расидан ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиста ҳидоят мекунад.
Аз ин рӯ, татбиқи амалии дастуру хидоятҳои Пешвои муаззами тоҷикон, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва посдоштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ҳамрох


Шосаидзода С. Ҳ. дотсенти кафедраи фалсафа
ва сиёсатшиносии ДДЗТ ба С. Улугзода.

Буризода Қ. Б. дотсент, директори МД
«АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон»