Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 22:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи ваҳдат» бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ

 

Моҳҳои март- майи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузор мешавад.

Фестивали мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ гузаронида мешавад.

Баргузории даври дуввуми ҷашнвора моҳи июни ҳамин сол дар шаҳри Панҷакент дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд.