Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 22:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мусаввараи «Дунёи маликаи абрешимӣ»-и Зокир Собир дар Амрико соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид

 

Аз миёни шумораи зиёди иштирокчиён дар Озмуни байналмилалии рассомӣ  таҳти унвони «Рассом ва Офарандагӣ»,  мусаввараи  рассоми мумтозу закинигори тоҷик Зокир Собир  бо номи «Дунёи маликаи абрешимӣ» соҳиби мақоми  аввал ва медали тилло гардид.

Тафсилоти бештар дар нигориши хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК.

Бояд гуфт, ки дар Озмуни байналмилалии рассомӣ  таҳти унвони  «Рассом ва Офарандагӣ», ки  он  дар се марҳила баргузор ва даври ниҳоии он  27 декабри соли 2019 дар шаҳри Ню-Йорки  Амрико ҷамъбаст шуд, рассоми тоҷик  Зокир Собир  ғолиби ҷойи аввал ва сазовори медали тиллои ин озмуни байналмилалӣ гардид.

Барои иштирок дар озмуни мазкур довталабон мусаввараҳои худро аз ҳар гӯшаву канори мамлакатҳои ҷаҳон ирсол намуданд, аммо мусаввараи «Дунёи маликаи абрешимӣ», ки  дар асоси равияи ҷадиди «Танворизм» эҷод шуда буд, дар санъати нигорандагию рассомии ҷаҳон баҳои баландро сазовор гардид.

Ногуфта намонад, ки рассоми тоҷик Зокир Собир асосгузори ду равияи фарҳангӣ-меъмории «Нурворизм» ва «Танворизм» мебошад. Ин равияҳои ихтироънамудаи наққоши шинохтаи тоҷик Зокир Собир дар таърихи  рассомии ҷаҳон равияҳои нав маҳсуб шуда, танзимгари воқеии нур ва шаклдиҳандаи асосии матоъ мебошанд. Натиҷаи аслии он эҳёи чеҳраҳо  ва образҳои воқеию тахайюлии муаллифро бозгӯ менамояд.

Зеро ба шинохти муаллиф, ҷаҳон аз нур иборат буда, ҳар ҷисми мавҷуд аз танзими нур шакл мегирад. «Агар мантиқан ба масъала таваҷчуҳ шавад, ин ду равия дар санъати рассомии тоҷик дастоварди бузург маҳсуб шуда,  махсусан дар замони истиқлолияти давлатӣ  чун падидаи мондагори санъати тасвирии тоҷикон арзиш доранд. Чунки бори аввал дар таърихи рассомии Тоҷикистон ва ҷаҳон ин ду равия ҳамчун сабки нави рассомӣ шинохта мешаванд.

 

Наққоши тоҷик Зокир  Собир ҳадаф аз эҷоди ду равияи нав — «Нурворизм» ва «Танворизм»- ро хизмат ба фарҳанги рассомии миллӣ  ва навгонӣ дар равияҳои наққошии ҷаҳон медонад, ки аз соли 2006 муаррифӣ гардида, дар озмунҳои байналмилалӣ чун равияҳои нави эҷодӣ  иштирок менамоянд ва дар Тоҷикистон, Россия ва Украина пайравони эҷодии худро пайдо намудаанд.

НУРВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (нур-вор-изм, гароиш ба чизе шабеҳи нур, дорои нур, такрори нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад.

Нурворизм —  равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. Он метавонад бо ҳар сабки мавҷудаи  ҳунар мувофиқат кунад. Нурворизм дар  мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос ба кор бурда шуда, татбиқи худро дар санъати меъморӣ интизор аст.

ТАНВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм,  гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, анвои андеша, идея ба шаклу намои мухталиф дорад, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли либос, парда, рӯйҷо мебинем.

Танворизм ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон нонамоёнанд, боз мекунад. Инъикоси дунёи ботинии инсон ва ашёро, ки дар матоъ нуҳуфтааст, бо андак танзим ҳувайдо ва муаррифӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Зокир Собир миёни мусаввирони ҷаҳон чун муаллифи равияҳои нави рассомӣ шинохта шуда, соли 2015 сазовори шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико ва соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Россия гардида буд.  Муваффақияти рассоми тоҷик Зокир Собир дар Озмуни байналмилалии “Рассом ва Офарандагӣ” –и Амрико  дастоварди навбатии ин мусаввир дар охири соли 2019 мебошад.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2020/01/musavvarai-dunyoi-malikai-abreshim-i-zokir-sobir-dar-amriko-so-ibi-ma-omi-avval-va-medali-tillo-gardid/