Сомонаи пешина | Сш, 14 Июл 2020 / 18:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Истиқболи Соли нави мелодӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг

Соли нави мелодии 2020-ро дар тамоми муассисаҳои фарҳангии кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарӣ пешвоз гирифтанд. Таҷлили Соли нав аз он ҷиҳат низ хотирмонтар гардид, ки аҳли фарҳанг ва ҳунар баъди шунидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷӯҳу пешниҳодҳои Пешвои муаззам ба соҳаи фарҳанг нерӯву илҳоми тоза гирифта, дар рӯҳияи идона қарор доштанд. 

Ба муносибати Соли нави мелодӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон, Театри ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон, инчунин тамоми муассисаҳои илмиву консертӣ ва театрӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барномаҳои ҷолиб ва чорабиниҳои идонаи солинавӣ сурат гирифтанд.

Соли 2019 барои кулли мардуми кишвар, махсусан, барои аҳли фарҳанги мамлакат ниҳоят хотирмону фаромӯшнопазир буд, зеро дастовардҳои бузурги аҳли фарҳанг, аз ҷумла бори аввал баргузор гардидани ду озмуни ҷумҳуриявии дар боло зикрёфта, ки дар ҳақиқат дар саросари диёр ба чорабинии мардумии фарҳангӣ табдил ёфтанд, ба ҳамин сол рост омаданд. Аз байни сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовори шоҳҷоизаи озмуни “Истеъдодҳои дарёфтаи Осиёи Марказӣ” гардидани Чоршанбе Аловатов, соҳиби шоҳҷоизаи Озмуни байналмилалии театрӣ гардидани Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ва боз чандин ғолибиятҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ дар соли 2019 бори дигар собит сохтанд, ки фарҳанг ва санъати асили халқи тоҷик сол аз сол рушд меёбад ва шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо менамояд.

Муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соли 2020 тасмим гирифтанд, ки иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида камар банданд ва соли 2020-ро низ ба соли дастовардҳои бузург дар соҳаи фарҳанг табдил диҳанд. Азҷумла, имрӯзҳо дар чанд муассисаҳо корҳои омодагӣ ба ташкили китобхонаҳо оғоз гардидаанд.