Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 23:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Қабули пешниҳодҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

 

Яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар соли 2019 ин бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад.

Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми худ, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, пешниҳод намуданд, ки ин ду озмун минбаъд таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурӣ ҳар сол гузаронида шавад.

Бо мақсади ҳам аз ҷиҳати ташкилӣ ва ҳам аз ҷиҳати мазмун беҳтар гардонидани озмунҳои номбурда Вазорати фарҳанг ва кумитаи тадорокутӣ тасмим гирифтааст, ки низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” ва низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” –ро аз сари нав дида бароянд.

Олимону коршиносон ва адибону мутахассисон, ки оид ба беҳтару ҷолибтар кардани озмунҳои мазкур андеша ё пешниҳодҳо доранд, метавонанд онро ба таври хаттӣ ё электронӣ равон созанд.

Пешниҳодҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ба нишонии электронии Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва пешниҳодҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба нишонии электронии Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. қабул карда мешаванд.

Пешниҳодҳо танҳо аз нафароне қобили қабул астанд, ки дар мактуб суроға, ҷои кор, рақами телефон ва ному насаби воқеиашонро нишон дода бошанд.

Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо то 1 феврали соли 2020 аст.