Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 22:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Пекин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» намоиши санъати портрет ҷараён дорад

 

Дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ (ШОС) намоиши санъати портрет ифтитоҳ гардид, ки то 20 марти соли 2020 идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, намоиши мазкур 28 декабри соли 2019  кушода шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кори он ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода иштирок намуда, сухан гуфт.

Мавриди зикр аст, ки дар ин намоиш асарҳои 14 нафар мусаввири  тоҷик, аз ҷумла рассомони халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, Юсуф Сангов, арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакаров ва дигарон ба маъраз гузошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур асарҳои рассомони тоҷикро ба аҳли фарҳангу  санъати тасвирии ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

 

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2020/01/dar-pekin-ta-ti-unvoni-tour-portrait-namoishi-sanati-portret-arayon-dorad/