Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 19:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳринигори Рустам соҳиби ҷоизаи байналмилалии «Иттиҳоди дебютҳо» гардид

 

9 декабр дар пойтахти фарҳангии ИДМ-2019 — шаҳри Брест барандагони Ҷоизаи байналмилалии ҷавонони эҷодкори ИДМ дар соли 2019 — «Иттиҳоди дебютҳо»-ро эълон намуданд, ки миёни онҳо овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳринигори Рустам низ ҳаст.

Барои дарёфти ин ҷоиза 26 нафар номзадҳо аз 8 давлат-Тоҷикистон,  Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Россия пешниҳод шуда буданд. Ҳашт нафар барои дастовардҳои эҷодӣ, саҳми назаррас гузоштан дар рушду тарғиби шаклҳои гуногуни санъат соҳиби чунин ҷоизаи баланд гардиданд. Мукофот аз рӯи натиҷаҳои соли 2018, ки дар ИДМ Соли фарҳанг эълон гардида буд, супорида шуд.

Ҷоизаи байналмилалии «Иттиҳоди дебютҳо» аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2008 таъсис дода шуд.

Ин ҷоиза ҳамасола ба мутахассисони ҷавон (то 35-сола) дар соҳаи гуманитарӣ, ки онро муассисон муайян мекунанд, дода мешавад. То имрӯз шоирон, табибон, муаллимон, олимон, варзишгарон ва дигарон бо ин ҷоиза қадрдонӣ шудаанд.

Меҳринигори Рустам  14 октябри соли 1994 ба дунё омада, дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нозукиҳои мусиқӣ омӯхтааст. Меҳринигор соли 2003, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Чӯҷаи зарин»-ро ба даст оварда буд.  Ӯ соли 2005  барандаи ҷашнвораи таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 соҳиби ҷои аввал ва медали тиллои Бозиҳои Делфӣ дар Алма-Ато шуд. Меҳринигори Рустам соли 2007, дар 13-солагиаш аллакай ду  албоми  аввали таронаҳояшро бо номҳои «Тоҷикистон» ва «Шодиёна» нашр кард.