Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 20:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» — намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ дар Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар Бангладеш

 

Шурӯъ аз 7 декабр дар  Бангладеш 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил ҷараён дорад, ки дар он намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ доир мегардад. Намоиши мазкур бо унвони «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» созмон ёфтааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин барнома беш аз 12 филм, ки онҳоро кинематографистони тоҷик солҳои 2018 ва 2019 офаридаанд, намоиш дода мешаванд. Дар ин миён филмҳои ҳуҷҷатии «Умед»- коргардон Дилошӯб Орифзода, «Шӯроб»- маҳсули кори якҷояи Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ, «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ, инчунин  филмҳои кӯтоҳи «Чархофалак» ва «Марги ламсшуда» аз коргардон Беҳрӯз Давлатбеков, «Таксӣ»-и коргардон Файзулло Файз, «Бархӯрд»-и коргардон Фирдаус Нину, «Некӣ»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Дуғоб»–и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо, «Бункер»-и коргардон Диловар Султонӣ, «Аз баландии парвоз» –и коргардон Акмал Восидӣ, «Боздоштшудагон» аз коргардон Хушнуд Шукуров, ки онро дар ИМА таҳия кардааст, мебошанд.

Дар барномаи озмунӣ танҳо филми ҳуҷҷатии «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ миёни 8 филм аз кишварҳои Миянмар, Бангладеш, Ҳиндустон, Япония, Туркия ва Тоҷикистон иштирок мекунад.

Барномаи «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон»-ро  коргардон ва мунаққиди тоҷик Шарофат Арабова созмон додааст.  Бештари филмҳо, ки дар чорчӯбаи барномаи мазкур намоиш дода мешаванд, истеҳсоли МД “Тоҷикфилм” мебошанд ё бо ҳамкорӣ бо он наворбардорӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар  Бангладеш то 13 декабр идома меёбад.

 

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2019/12/davlat-dar-konuni-durbin-to-ikiston-namoishi-mahsusi-film-oi-navi-to-ik-dar-kinofestivali-a-onii-film-oi-k-to-va-musta-il-dar-bangladesh/