Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 19:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳаракати “Корвони китоб” ба Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав

6 декабри соли 2019 «Корвони китоб» таҳти роҳбарии Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода ва гуруҳи китобдорон ба шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сафар намуданд.

Ҳаракати “Корвони китоб” аз Мактаб-интернати низоми махсуси шаҳри Ҳисор шурӯъ гардид. Дар муассисаи мазкур 325 нафар кўдаку наврас ба таълиму тарбия ва барқароркунии саломатӣ зери парастории омўзгорону мураббияҳои ҳалиму мушфиқ қарор доранд. Ба онҳо 1435 нусха китоб бо номгўи 72 адабиёт эҳдо гардид.

Сипас «Корвони китоб» ба ноҳияи Шаҳринав равона гардид. Директори Хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав Намоз Бобоев иттилоъ дод, ки дар ин муассиса 214 нафар кўдакони ятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.Ба ин муассиса 1437 нусха китоб тақдим карда шуд.

Дар шаҳри Турсунзода “Корвони китоб”-ро муовини раиси шаҳр Холмаҳмадзода Солеҳа, Директори Хонаи кўдакони шаҳри Турсунзода Рухсора Ғафурова ва кулли кормандони муассисаи мазкур истиқбол гирифтанд. Дар ин хонаи кўдакон 102 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва ба онҳо 1489 нусха китоб тақдим гардид.

Тавре маркази матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, қаблан санаи 4 декабри соли ҷорӣ бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб низ наздики 1500 нусха китобҳои бачагона тақдим гардида буд.

Иқдоми мазкур дар радифи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз ҷониби Вазорати фарҳанг роҳандозӣ гардида, мақсади он ҷалби ҳама қишрҳои ҷомеа ба китобу адабиёт ва таваҷҷӯҳ ба фарҳангдармонӣ мебошад.