Сомонаи пешина | Дш, 20 Январ 2020 | 20:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хатлон: 40 нафар ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» роҳхат гирифтанд

 

Аз 24 то 26 ноябр дар вилояти Хатлон  даври сеюми вилоятии  Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷамъбаст гардид.

Дар даври вилоятӣ 400 нафар ғолиби даври дуюми озмун ҳунари худро нишон доданд, ки 40 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ба маҳорати иштирокчиёни озмун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини Вазири маориф  Латофат Назирӣ,  роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар масъулин баҳо доданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иброз дошт, ки «мақсаду ҳадафи озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва баланд бардоштани фарҳанги китобдориву китобхонӣ ба ҳисоб меравад».

Ҳайати ҳакамон ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯйи чор номинатсия инҳоро сазовор донистанд:

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик:

ҷойи якум —  Сафармоҳи Аҳмадбек, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм– Султон Каримов, ноҳияи Ёвон;

ҷойи сеюм —  Банда Талбакова, шаҳри Кӯлоб.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:

ҷойи якум – Маҳсумаи Маҳмурод, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм – Ширини Мирбадал, шаҳри Бохтар;

ҷойи сеюм – Фарзона Темурова, ноҳияи Ёвон.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:

ҷойи якум – Нурбону Ятимова, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм – Ҳумайнӣ Кароматзода, ноҳияи Данғара;

ҷойи сеюм – Мадина Ҷабборова, ноҳияи Кӯшониён.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:

ҷойи якум  — Майсуна Муминова, ноҳияи Данғара;

ҷойи дуюм — Робия Қодирова, шаҳри Кӯлоб;

ҷойи сеюм — Файзулло Қадамов, ноҳияи Кӯшониён.

Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон, 3 декабр дар шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯйи чор номинатсия аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид.

Иштирокчиёни дигар, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтанд, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба 34 нафар иштирокчии дигари фаъол, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат дарёфт накардаанд, Сипоснома ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардидааст.

Марҳилаи ҷамъбастии озмун барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Дар ҷамъбаст ба иштирокчии фаъол, ки шартҳоро аз рӯйи талаботи Низомномаи озмун пурра иҷро мекунад, Шоҳҷоиза ба маблағи 50000 сомонӣ тақдим мегардад.

Баргузории озмуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди неруи маънавии ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

 

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2019/12/hatlon-40-nafar-ba-davri-ambastii-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-i-dono-ro-hat-giriftand/