Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо хонум Криста Пиккат

2 декабри соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Директори дафтари минтақавии Созмони миллали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) хонум Криста Пиккатро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба пешбурди номинатсияҳои нави долонҳои Роҳи Абрешим, масоили рушди устувори фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ тавассути маориф ва таълим ва дигар масоили марбута суҳбат намуданд.

Ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгўйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, омодагиҳо ба чорабинии ҷашнии 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва ҷузъиёти он мавзӯъҳои дигаре буданд, ки зимни мулоқот мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.