Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 06:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Коллеҷи фарҳанг

 

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Зуҳуроти манфии ҷомеаро маҳкум менамоем” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода, муовини сардори ШВКД-1 ноҳия, полковники милитсия Шарифзода Рустам, мудири Кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ Шаъбонов Нуралӣ, аъзои Шӯрои ҷимъиятии назди ВКД ҶТ Саидамирова Фирӯза, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душаенбе Латипова Гулпарӣ, директори Коллеҷи техникию омӯзгорӣ Ширинзода Наҷмиддин ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар толор кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.Бӯйдоқов ва Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия ҷамъ омада буданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ифтитоҳ ёфтани кори Конфронс директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Оқилов Идрис ба минбар баромада, нахуст меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт ва дар назди ҳозирин бо маърӯзаи пурмӯҳтавои худ баромад карданд. Зимни баромадаш номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: “Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, Истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад”.
Номбурдаи инчунин зикр намуд,ки мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

«Дар Паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстеремизм ва тероризмро ҳамчун мавзӯи калидӣ баҳогузорӣ намуданд.

Воқеан ҳам имрӯз тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини саёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст...

Метавон чунин натиҷигирӣ кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмиллалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ, бахусус бар зидди терроризм ва экстремизм саҳми босазои худро гузорад” – иброз дошт Идрис Оқилов.

Баъдан, аз рӯйи Барнома муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода, муовини сардори ШВКД-1 ноҳия, полковники милитсия Шарифзода Рустам, мудири кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ Шаъбонов Нуралӣ ва омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Саврия Қурбонова бо маърӯзаҳои худ баромад намуданда, андешаҳояшонро оид ба зуҳуротҳои манфии аср, аз қабили терроризм, экстремизм ва мубориза ба муқобили ин падидаҳои номатлуб баён намуданд.

Аҳли толор нутқи баромадкунандагоро бо таваҷҷӯҳи хоса шунида бардошти маънавӣ гирифтанд.