Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Вазири фарҳанг дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Александр Пушкин дар шаҳри Душанбе

2 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти муосири рус Александр Сергеевич Пушкин баргузор гардид.

Нимпайкара дар назди бинои асосии Донишгоҳи славянии русу тоҷик ба ифтихори 220-солагии ин шоири машҳур бунёд ёфтааст.
Дар расми ифтитоҳ Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумхурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуданд.

“Ҳамаи иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро ба муносибати ифтитоҳи нимпайкараи шоири шаҳири рус Александр Сергеевич Пушкин, ки дар “асри тиллоӣ”зиндагӣ кардааст, табрик мегӯям. Ин адиби нотакрор дар фарҳани ҷахонӣ нақши хоса дошта, аз худ мероси нодире боқӣ гузоштааст”-иброз дошт вазири фарҳанги Тоҷикистон. Ӯ инчуни оид ба нақши Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зад.

Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумхурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов номаи шодбошии Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединскийро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество), мактабҳои олӣ низ ҳузур доштанд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон аз эҷодиёти Александр Пушкин порчаҳоро намоиш дода, табъи ҳозиринро боз ҳам болида гардониданд.

Босии зикр аст, ки нимпайкараи шоири шӯҳратёри рус Александр Пушкин бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва бо дастгирии молии Вазорати фарҳанги Россия бунёд гардидааст.