Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳафтаи мӯди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Малайзия

 

26 ноябр дар шаҳри Куала Лумпур маросими бошукӯҳ баргузор гардид, ки онро ширкатҳои малайзии «Rafflesia» ва «Malaysia Central Asia Business» таҳти сарпарастии тарроҳи машҳури ҷаҳонӣ профессор Ҷимми Чу дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Малайзия ташкил намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия, ороишгари маъруфи тоҷик Нафиса Имронова Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маросими мазкур муаррифӣ карда, ба мухлисони мӯдпарасти малайзӣ коллексияи нави худро, ки мероси бойи тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирифт, пешкаш намуд. Иштирокдорон ба услуби тозаи ӯ баҳои баланд доданд.

Дар намоиши мӯд инчунин тарроҳони машҳури Малайзия ва дигар намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доштанд.