Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили «Тарҷумаи бадеӣ- рукни муҳими адабиёт» бо иштироки Абдуғаффори Абдуҷаббор

28 ноябри соли 2019дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Тарҷумаи бадеӣ - рукни муҳими адабиёт» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доираи васеи адибон, нависандагон, мутарҷимон, инчунин намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз гардид. Низом Қосим иброз дошт, ки нависанда, мутарҷим, драматург.

Абдуғаффори Абдуҷаббор академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳон «Новая Эра», профессори Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ, доктори фалсафа дар соҳаи адабиёт, узви Иттифоқҳои рўзноманигорон, арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия буда, дар баробари ин узви Иттиҳодияи байналхалқии мутарҷимон мебошад.

Сипас профессор Иброҳим Усмонов оид ба фаъолияти эҷодии Абдуғаффори Абдуҷаббор андешаҳои илмии худро баён кард. Ӯ ба ду повести дар ду соли охир эҷодшудаи нависанда, яъне “ЗооПарк” ва “Ҷазираи беном” баҳои баланд дода, гуфт ки асарҳои мазкур дар ҷаҳони глобалишавӣ мубраму зарур буда, мавзӯи умумибашарирор фаро гирифтаанд.

Баъзе асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, немисӣ, ўзбекӣ, украинӣ, аварӣ, англисӣ, кореягӣ, беларусӣ, франсузӣ тарҷума шуда, пйесаҳояш: «Сўҳони қазо», «Масал бигў, Эзоп!», «Зодрўзи рўбоҳаки соддаяк», «Суруди вопасин» дар театрҳо таҳия гардида, ба қалами ў пйесаи «Назаркарда» оид ба фаъолияти камназири сулҳофаринии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.
Сипас дигар олимону адибон низ оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти нависанда маърузаҳо намуданд.

Боиси зикр аст, ки Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи даҳҳо мақолаву очерк, резаҳикоя, повестҳои «Куҷоӣ ту, ай мақсуди дастнорас?», «Барфи охирин», «ЗооПарк», «Ҷазираи беном», силсилаи китобҳои «Каприччио» оид ба ҳаёти композитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ, «Дарсҳои Вафо Назаров» бахшида ба қисмати рассоми машҳур ва «Фарзанди сарзамини қазоқ» - Ҳунарпешаи халқии СССР Асаналӣ Ашимов буда, романи нависандаи Миср, барандаи ҷоизаи Нобел Наҷиб Маҳфуз-«Роҳ», повест ва романи Габриэл Гарсиа Маркес «Ба полковник касе наменависад», «Сад соли танҳоӣ», романи «Моҳ ва фулус»-и Соммерсет Моэм, «Дарсҳои франсавӣ»-и Валентин Распутин, 30 ҳикояи адибони шинохтаи олам, асарҳои публитсистии Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ», «Дар дили АвруОсиё», Сун Сзячжен «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин», ҷилди якуми китоби Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» ва ёздаҳ пйесаи драматургони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳикояву повестҳояш солҳои гуногун дар маҷаллаву нашриётҳои Москва, Санкт-Петербург, Берлин, Алмаато, Сеул, Тошканд ва як ҳикояаш дар зумраи резаҳикоёти нависандагони 55 давлати ҷаҳон дар Германия ба забони немисӣ ва як афсонааш дар Кореяи Ҷанубӣ ба забони кореягӣ чоп шудаанд.

Китоби «ЗооПарк»-ро соли 2017 дар номинатсияи «Беҳтарин асари насрӣ» «Китоби сол» эълон намудаанд. Иштирокчии Форуми байналмилалии нависандагон «Чингиз Айтматов ва замони муосир» (2009, Бишкек), семинарҳои тарҷумонҳои адабии кишварҳои ИДМ ва Балтия (2010, Москва, Ереван). Дар сафи ҳайати эҷодӣ борҳо ба Россия, Эстония, Қазоқистон, Франсия, Эрон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Хитой, Ўзбекистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Туркия, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Салтанати Уммон сафар кардааст.

Барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон. Ба ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дили Данко» (Россия), медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон», медали тиллоии Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ (2014, Санкт-Петербург) сарфароз шудааст.