Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ . . .» дар Бадахшон

Дар Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ . . .» баргузор гардид, ки дар он 83 нафар ғолибони даври дуюми озумун, ки намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ва шаҳру навоҳии гуногун, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистр, аспирантҳо ва шаҳрвандони шаҳру ноҳияхо иштирок намуданд.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро 13 нафар ҳайати ҳакамон аз рӯи чор номинатсия баҳогузорӣ намуданд.

Дар ҷараёни озмун маълум гардид, ки аз тарафи аксари довталабон талаботи Низомнома пурра риоя гардида, қисмате аз онҳо ба ин талабот таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд. Дар мавриди баҳогузорӣ намудан ба қобилияти довталабон баъзан норозигии онҳо ба мушоҳида расида арзу шикоятҳо аз ҷониби онҳо ба комиссия ворид гардиданд. Бинобар ин 5 нафар довталаб аз озмуни такрорӣ гузаронида шуданд. Комиссия ва ҳайати ҳакамон пас аз таҳлилу баҳогузорӣ аз байни 83 нафар 10 нафарро, ки маҳорату омодагии бештар нишон доданд, ба ҷойҳои зерин аз рӯйи номинатсияҳо сазовор дониста, ба даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ . . .» роҳ доданд:

А) Дар номинатсияи адабиёти классикӣ:
Пайшанбиева Азизмо- аз ноҳияи Ишкошим (ҷойи 1),
Сувайлои Ёдовар-аз ноҳия Ванҷ (ҷойи 2),
Дилангези Ҷумъахон -аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 3).
Б) Дар номинатсияи адабиёти муосир:
Саломатшоев Шаҳбоз-аз ноҳия Дарвоз (ҷойи 1),
Қурбондавлати Ориф- аз ноҳияи Рушон (ҷойи 2).
В) Дар номинатсияи адабиёти бачагона:
Давлатбеков Нуриддин-аз ноҳия Рушон (ҷойи 1),
Парвонаева Дилрабо - аз ноҳияи Роштқалъа (ҷойи 2),
Г) Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон:
Иброҳимов Аслишо-аз ноҳия Ишкошим (ҷойи 1),
Дилнозаи Нуриддин- аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 2),
Файзуллобекова Сарвиноз -аз ноҳияи Шуғнон (ҷойи 3).

Баъди ҷамъбасти даври сеюми озмун тасмим гирифтанд, ки ғолибони дар боло зикршударо барои иштирок намудан дар даври ҷамъбастии ҷумҳуриявӣ хубтару беҳтар тайёр намоянд.

Боиси зикр аст, ки масъулини баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ», аз ҷумла Китобхонаи вилоятӣ муаззаф гардиданд, ки минбаъд низ корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷиҳати ҷалби бештари қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонаю китобхонӣ ривоҷу равнақ диҳанд.