Сомонаи пешина | Сш, 10 Декабр 2019 | 13:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рунамои китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таърихию фарҳангии миллати тоҷик таъкид намуданд, ки: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

27 ноябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамои китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” (дирҳамҳои сомонӣ) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни риштаи таъриху фарҳанг аз донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар иштирок намуданд. Нахуст сухан ба муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид дода шуд. Номбурда доир ба мавзӯи баррасишаванда аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда қайд карданд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

стифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.

Инчунин дар чорабинии мазкур узви Академияи илмҳои Тоҷикистон Пирумшоев Ҳайдаршоҳ, доктори илмҳои таърих, сиккашинос Давлатхӯҷа Довудӣ, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва муаллифи китоби мавсуф, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки китоби “Ганҷинаи Кӯлоб” (дирҳамҳои сомонӣ) аввалин китоб (ё феҳрист) –и сиккаҳои сомонӣ дар Осиёи Миёна мебошад.