Сомонаи пешина | Сш, 10 Декабр 2019 | 13:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории 8-умин Конфронси амалии «Осорхона дар асри XXI” дар Москва

 

12-13 декабри соли 2019 дар шаҳри Москваи федератсияи Россия 8-умин Конфронси амалии «Осорхона дар асри XXI” баргузор мегардад.
Конфронси мазкур ба нақши осорхонаҳо дар марҳилаи дигаргуншавии ҷаҳонӣ бахшида шуда, бо иштироки кормандон ва роҳбарони осорхонаҳо аз кишварҳои гуногун сурат мегирад.

Дар чорабинӣ мавзӯъҳои гуногун аз қабили “Нақши осорхона дар рушди фарҳанг ва иқтисодиёт”, “Воқеияти рақамӣ дар лоиҳакашии осорхонаҳо”, “Унсурҳои муосири муошират чун воситаи ҷалби ҷавонон”, “Кор бо ҷомеаи маҳаллӣ барои рушди осорхонаҳо” мавриди муҳокима қарор мегиранд.