Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷоизаи миллии “Лолаи тиллоӣ” ифтитоҳ ёфт

 

Шоми 25 ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси ифтитоҳи расмии Фестивали филмҳои тоҷикӣ - маросими Ҷоизаи миллии “Лолаи тиллоӣ” баргузор гардид.

Фестивал аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии “Бохтар” роҳандозӣ гардидааст.

Чорабинӣ бо сухани табрикотӣ ва ифтитоҳии Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар ва Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон ҳусни оғоз пазируфт.

Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки фестивали мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаи синамо такони тоза хоҳад бахшид. Инчунин ӯ ба ташкилкунандагон ва шарикони лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.

Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои гуногун ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гаштааст.

Сипас аъзои ҳакамони байналмилалӣ, коргардони шинохтаи фаронсавӣ Марк Теруан ва яке аз асосгузорони фестивали филмҳои Везули Фаронса Мартин Теруан, инчунин раиси аъзои ҳакамони ҷашнвора коргардони тоҷик Шарофат Арабова суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба аҳамияти ҷашнвораи миллӣ баён карданд.

Баъдан филми ҳунарии “Падари маҳтобӣ”-и коргардон Бахтиёр Худоназаров манзури меҳмонони чорабинӣ, ки намояндагони аҳли адаб, синамо, санъат, инчунин созмонҳои байналмилалӣ буданд, гардид.

Боиси зикр аст, ки дар доираи фестивал то 1 декабри соли 2019 ҳамарӯза соатиҳои 11:00 ва 15:00 дар толори синамои “Ватан” филмҳои озмунӣ намоиш дода мешаванд. Тамошои филмҳои мазкур ройгон аст.

Доварони ҷашнвора аз байни 17 филми ба озмун пешниҳодшуда филмҳоро чун барандаи ҷоиза дар бахши “Беҳтарин филми пурра”, “Беҳтарин филми мустанад”, “Беҳтарин филми кӯтоҳ” ва “Ҷоизаи махсус барои саҳми барҷаста дар рушди синамои тоҷик” интихоб намоянд.