Сомонаи пешина | Сш, 10 Декабр 2019 | 13:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳо «SAMBHAV–2019» дар Ҳиндустон

15–17 ноябри соли 2019 дар шаҳри Деҳлии нави Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои фарогири «SAMBHAV–2019» баргузор шуд. Ҷашнвораи «SAMBHAV–2019» тавассути ташкилоти ғайридавлатии Анҷумани омӯзиши ҳунарҳои намоишӣ ва фаъолияти меъёрӣ (ALPANA) ва ҳимояти Шӯрои равобити фарҳангии Ҳиндустон аз соли 2006 ба ин ҷониб ҳамасола моҳи ноябр дар шаҳри Деҳлии Нав доир мегардад.

Ширкаткунандагони аслии ин ҷашнвора афроди дорои маълулият (бо нақси ҷисмонӣ) ҳастанд, ки маҳоратҳои худро дар заминаҳои гуногуни ҳунар пешниҳод мекунанд. Имсол Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур се нафар: узви Иттифоқи нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон овозхон Умед Ашуров, корманди ОО «Ирода» навозанда Хушбахт Қаландаров ва тарҷумон ва роҳбалади гурӯҳ, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Бобошоева намояндагӣ карданд.

Тибқи нақшаи чорабинӣ рӯзи 15 ноябр мулоқоти ширкаткунандагон бо Роҳбарони Ассосиатсияи омӯзиши ҳунарҳои намоишӣ ва фаъолияти меъёрӣ (ALPANA) дар маркази фарҳангии Деҳлӣ сурат гирифт. Дар маросими ифтитоҳ Умед Ашӯров бо 2 суруд ва Хушбахт Қаландаров бо навохтани таблаки миллӣ ҳунарнамоӣ карданд, ки боиси хушҳолии бинандагон ва шунавандагон гардид.

Чорабинии мазкур ҳамарӯза аз соати 9.00 то 21.00 бо иштироки ҳунармандон ва меҳмонони сершумор баргузор гардида, ҷараёни баргузории он тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернет пурра инъикос карда мешуд.

Дар доираи фестивал конфронс доир гардида, ҳамчунин филмҳои мустанад дар мавзӯи “Ҳунармандони маъюб” ба намоиш гузошта шуд.

иркаткунандагон дар давоми ин чорабинии бошукӯҳ биноҳои таърихӣ ва муосир, аз ҷумла Дарвозаи Деҳлӣ, Ред Форт ва кӯчаю хиёбонҳои марказии Деҳлиро тамошо карданд.

Барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии фарҳангӣ Вазорати фарҳанги Ҳукумати Ҳиндустон, Вазорати сайёҳии Ҳукумати Ҳиндустон, Вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Ҳиндустон саҳми арзанда гузоштанд ва дар фароварди он ба ҳар як ширкаткунанда ҷоизаи SAMBHAV-2019 тақдим гардид.