Сомонаи пешина | Сш, 10 Декабр 2019 | 14:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар вилояти Суғд

 

Аз 20 то 23 ноябри соли 2019 дар шаҳри бостонии Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид.

Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз шахсиятҳои намоён, кормандони масъули идораҳои давлатӣ ва адибону олимон иборат буд. Аз ҷумла муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода низ барои баргузории даври вилоятӣ ба шаҳри Хуҷанд сафари корӣ дошт.

Дар озмун аз рӯи панҷ номинатсия 90 нафар довталабони ғолиб аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок доштанд.

Дар номинатсияи аввал - аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик мудири кафедраи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз шаҳри Бӯстон Осими Оқил ҷои аввалро ба даст овард.

Дар номинатсияи дуюм - аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи синфи 7-и мактаби 34-и шаҳри Панҷакент Рухшона Норова лоиқи ҷои аввал дониста шуд.

Дар номинатсияи сеюм - аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ хонандаи синфи шаши ноҳияи Деваштич Зебунисои Азизиён ба гирифтани ҷои аввал муваффақ гардид.

Дар номинатсияи чорум - аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон хонандаи синфи 11-и мактаби 6-и шаҳри Панҷакент Асламбек Алибеков сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар номинатсияи Шоҳҷоиза магистранти курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз ноҳияи Ашт Моҳрӯ Қурбонзода ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб шуд.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, узви ҳакамони озмун Камол Насрулло иттилоъ медиҳад, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аксари иштирокчиёни озмун қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ба онҳое, ки соҳиби ҷоизаи аввал гардиданд, даҳ ҳазорӣ, ба нафарони сазовори ҷойи дуюм гардида ҳафт ҳазорӣ ва ба гирандагони ҷойи сеюм панҷ ҳазорӣ маблағ тақдим карда шуд. Соҳиби Шоҳҷоиза бо мукофоти пулии понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ба ҷуз ин иштирокдорони дигари озмун низ бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд. Ҷоизаҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон ба ғолибон дар ҷамъбасти озмун дар вазъияти мутантан супорида шуд.

Ҷолиб ин аст, ки бо қарори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи ҷамъбастии озмун, ки моҳи декабр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе доир мегардад, на танҳо онҳое, ки сазовори ҷойи аввал гардиданд, балки нафарони соҳиби ҷойҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум низ ҳуқуқи иштирок кардан ва бори дигар санҷидани маҳорати худро доранд.

Бояд гуфт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман», ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллатамон амалӣ гардидаанд, саросари мамлакатро фаро гирифта, далели равшани бозгашти мардум, хусусан рӯ овардани насли нав, ҷавонону наврасон ба асолати миллӣ: илму адаб ва фарҳангу адабиёти ҳазорсолаамон гардиданд.

Умед аст, ки ин озмунҳо, ки воқеан тавонистанд дар саросари ҷумҳурӣ шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба китобу китобхонӣ бедор намоянд, минбаъд ҳамасола роҳандозӣ карда мешаванд ва саҳми боризи худро дар пешрафти маънавиёти миллату давлат мегузоранд.