Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Парчами мо-ифтихори мо

 

23 ноябри соли 2019дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ва як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Дар ин тантанаи идона донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, таълими мусиқӣ ва эҷодиёти бадеии халқ ҳунарнамоӣ карданд. Донишҷӯён зимни маърузаҳои худ доир ба таърихи пайдоиш ва аҳмияти парчамдорӣ барои давлату миллат, маънои рангҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ маълумотҳои зиёдеро ба саъми ҳозирин расониданд.

Қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳо аз ҷониби баромадкунандагон ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд. Донишҷӯён бо ҳунару истеъдоди баландашон суруду таронаҳои дилангез, рақсу саҳначаи тарбивии ҷолиберо пешкаши тамошобинон намуданд ва аҳли нишаст барои ҳунару истеъдоди баромадкунандагон кафкубиҳои зиёд карданд.

Дар охир роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфтанд.