Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

24 ноябри соли 2019 дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ ҳамоиш таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тољикистон!» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш љавонони фаъолу ватандўст, ҳамзамон кормандони синну соли гуногун аз идораву сохторҳои мухталифи маркази вилоят иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар майдони варзишии шаҳри Хоруғ бо раҳпаймоии муташакилона ифтитоҳ ёфт. Роҳпаймоён парчами Тоҷикистонро парафшон намуда, бо шиору овезаҳо то майдони марказии Исмоили Сомонӣ омаданд. Ин ҷо барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохта ва ҷавонони соҳибистеъдоди вилоят хотири сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғро шод гардонид.