Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 08:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» муайян шуданд

 

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона»-ро дар шаҳри Хуҷанд барпо намуданд.

Тавре ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз шаҳри Хуҷанд хабар дод, дар озмун, ки аз 1 июни соли 2018 то 19 ноябри соли 2019 идома ёфт, зиёда аз 100 муаллиф иштирок карда, беш аз 300 шеъри тозаэҷоди онҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуд.

Имрӯз ин озмун дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва аҳли фарҳанг ҷамъбаст гардид.

Ҷойи аввал ба Ҷумъагул Назар аз шаҳри Ваҳдат, ҷойҳои дуюм ба Султонмурод Ҳоҷибоев ва Ёсумани Шерафкан аз Айнӣ, ҷойҳои сеюм ба Шукронаи Тоҳир, Мирзо Рустамзода аз Душанбе дода шуданд.

Ду ҷоизаи махсуси озмун ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ тақдим шуд.

Ҳамчунин ба як гурӯҳ шоирони шинохта, аз ҷумла Муҳаммад Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Латофати Кенҷа, Озар Салим ва чанде аз шоирони наврас ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

 

АМИТ «Ховар»

http://khovar.tj/2019/11/oliboni-ozmuni-be-tarin-sheri-bachagona-muajyan-shudand/