Сомонаи пешина | Шб, 14 Декабр 2019 | 04:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Роҳнамои аудиоии мавзеи таърихии Саразми бостонӣ бо ду забон омода шуд

 

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳнамои аудиоиро барои шиносоӣ бо таърихи Саразм бо забонҳои русӣ ва англисӣ барои сайёҳон омода ва дар шабакаи интернет ҷойгир намуд,хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд роҳнамои мазкурро аз ин замима — https://izi.travel/en/aea5-historico-archeological-site-sarazm/en ройгон дастрас намуда, бо 5 макони таърихии ин мавзеи бостонӣ шинос шаванд. Замимаи мазкур аз ҷониби ҳазорон истифодабарандагон, аз ҷумла осорхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон истифода бурда мешавад. Сомонаи мазкурро ҳар моҳ ҳафт миллион нафар аз 100 мамлакати дунё ва 2250 шаҳрҳои олам бо 59 забон тамошо мекунанд.

Яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорон ва аввалин филизгудозони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамаддунсозии аҷдодони тоҷикон — Саразм дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад.

 

Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Саразм аз соли 1977 бо сардории бостоншинос Абдулло Исҳоқӣ оғоз шуда, то соли 1997 давом ёфт ва аз соли 1997 ба корҳои мазкур бостоншинос А. Раззоқов роҳбарӣ дорад. Дар ин ҷо экспедитсияҳои бостоншиносии байналмилии олимони ИМА, Франсия, Италия, Россия ва дигар мамлакатҳо дар солҳои гуногун пажӯҳиш намуданд.

Ҳафриёт собит намуданд, ки деҳшаҳри Саразм ҳанӯз 5500 сол муқаддам дар замони энеолитӣ ташаккул ёфтааст. Танҳо дар замони асри биринҷӣ саразмиҳо бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ба дигар минтақаҳо кӯч бастанд.

Саразм қадимтарин манзилу маскану шаҳраки ниёгонамон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин аввалин ёдгории кишоварзу чорводорон, ҳунарманду меъморон дар таърихи мардуми ориёно мебошад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги таърихӣ доштанаш ва ҳамчун шаҳодати беназири куҳанбунёдиву тамаддунофарии халқи тоҷик бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 дар ин ҳудуд Мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм таъсис дода шуд.

Соли 2010 дар Сессияи 36-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия Саразм ба Феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Соли 2018 34800 нафар сайёҳон, аз ҷумла 24120 нафар сайёҳони дохилӣ ва 10680 нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеи Саразми бостонӣ дидан намуданд.

 

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2019/11/ro-namoi-audioii-mavzei-tarihii-sarazmi-boston-bo-du-zabon-omoda-shud/