Сомонаи пешина | Яш, 15 Декабр 2019 | 02:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфил ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ- маърифатӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони мактаби Кембриҷ, фарзандони кормандони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Душанбе баргузор гардид.

Дар чамъомад сӯҳбат атрофи мавзӯи Парчами миллӣ, ҳамчун баёнгари симои миллии давлат, ки аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мужда медиҳад, ҷараён гирифта, порчаҳо аз суруд ва мусиқиҳои видеоии дар ин мавзӯъ эҷод гардида намоиш дода шуд.