Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 08:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Обид Назариён бо ҳайати меҳмонон аз Ҷопон

20 ноябри соли 2019 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ҳайати меҳмононро аз Ҷопон ба ҳузур пазируфт.

Ҳайати меҳмонон аз роҳбари бахши минтақавӣ оид ба рушди варзиш, шуъбаи масоили иқтисодӣ, гурӯҳи бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ Шиня Ояма, сармухассиси бахши номбурда Кей Сасаки, ҳунарпеша, иҷрокунандаи “Небута” Шуничи Китамура ва мушовири роҳбари дафтари марказии токиёгии бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ дар соли 2020 Эндо Райосуке иборат буданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди варзиш ва варҳанг, ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо шаҳри Аомории Ҷопон сӯҳбат намуда, дар бораи баргузории фестивалҳои анъанавӣ дар Ҷопон ва Тоҷикистон табодули маълумот намуданд.

Аз ҷумла меҳмонон оид ба баргузории фестивали “Небута”, ки ҳар сол оғози моҳи август тӯли панҷ рӯз дар шаҳри Аоморӣ ташкил мешавад, нақл карданд. Зикр гардид, ки ҷашнвораи мазкур, ки дар Ҷопон хеле машҳур аст, ҷашни фонусҳост. Мардум бо қолабҳои бузурги аз матоъ, қоғаз ва бамбук сохташуда, ки бо фонус фурӯзон шудааст, шабона дар шаҳр роҳпаймоӣ менамоянд.

Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён оид ба иди Наврӯз, Меҳргон, идҳои Атласу адрас, иди Оши палав, иди Асал ва дигар ҷашнҳои машҳури халқи тоҷик нақл кард, ки ин диққати меҳмононро ба худ ҷалб сохт ва онҳо барои гирифтани маълумоти муфассал мароқ зоҳир намуданд.

Сипас тарҳрезии нақшаи иштироки ҳар ду ҷониб дар фестивалҳои номбурда мавриди баррассии тарафайн сурат гирифт.