Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 08:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Форуми вазирони фарҳанги кишварҳои дунё дар Париж идома дорад

20 ноябри соли 2019 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бо сарпарастии ЮНЕСКО кори худро идома дод.

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанг қаблан хабар дода буд, форум 19 ноябри соли 2019 ифтитоҳ ёфта, дар он 140 вазирони фарҳанг ва муовинони вазирон аз кишварҳои гуногун иштирок доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло,Котиби Комисияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи чоруми чорабинӣ Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ва Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле суханронӣ карданд.

Мавзӯъҳое, ки дар рӯзи дуввуми форум мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ин устувор намудани мавқеи фарҳанг дар рушди устувор, мубориза ба муқобили тамоюлҳои номатлуб дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҷараёни иҷрои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак буданд.

Дар чорабинӣ инчунин кӯдакон ширкат дошта ба Президенти Фаронса Эммануэл Макрон тӯҳфа супориданд.