Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 08:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Директори Осорхонаи санъати тасвирии осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж

19 ноябри соли 2019 дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода бо Директори Осорхонаи санъати тасвирии осиёии “Гиме” хонум Софи Макариу баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулони Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ , Вазорати фарҳанги Фаронса, инчунин Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ҳузур доштанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукотии баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳарду ҷониб манфиатдории хешро ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии муҳими муштараки илмию фарҳангӣ дар пойтахти Фаронса таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла имкониятҳои ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистон бо Осорхонаи “Гиме” матраҳ гардиданд.