Сомонаи пешина | Ҷм, 13 Декабр 2019 | 00:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Тоҷикистон дар Ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ дар Боку,

21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Озарбойҷон ба уҳда дорад.

Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур директори «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯризода намояндагӣ менамояд. Номбурда дар соли ҷорӣ вазифаи ҳамраисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад. Хотирнишон менамоем, ки Ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 28-уми ноябри соли 2018, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд ва дар он як қатор масоили ҳалталаби табъу нашри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. Аз ҷумла, диққати асосӣ ба масъалаҳои марбут ба иҷроиши чорабиниҳое, ки дар «Соли китоб» (2019) дар кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шуда буд; оид ба натиҷаи Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ ва омодагӣ ба баргузории Озмуни навбатии XVI; оид ба озмуни муассисаҳои китобфуруши дар кишварҳои узви ИДМ; иҷроиши Протокол оид ба вориднамоии тағйирот дар Созишномаи бунёди Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4-уми июни соли 1999; ҳолати иҷроиши қарорҳои Ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ (Душанбе, 28-уми ноябри соли 2018), вазъи иҷроиши қарори Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод аз 16-уми октябри соли 2019, «Дар бораи фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфӣ»; оид ба резолютсияи Форуми XVI зиёиёни (эҷодию илмии) кишварҳои узви ИДМ аз 16-уми майи соли 2019; интихоби раиси Шӯро барои соли 2020; муайян ва тасдиқи вақт ва ҷойи баргузории Шӯрои навбатӣ; масоили гуногун: натиҷаи фаъолияти мақомотҳои соҳавии ҳамкории ИДМ; дар бораи вазъи имрӯзаи савдои китоб дар ИДМ ва кишварҳои дигари Иттиҳод; дар бораи резолютсияи Ассамблеяи хониш дар Иттиҳод аз 18-уми сентябри соли 2019 (ш. Москва) ва ғайра мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои аъзои ИДМ, масоили бунёдии ҳамкориҳо дар самти матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури ноширии кишварҳои аъзои ИДМ, коркарди лоиҳаи ҳусни тафоҳум байни кишварҳои ИДМ, омодасозӣ ва интихоби лоиҳаҳо бахшида ба самтҳои муҳимми самтҳои табъу нашр ҳамеша дар мадди назари намояндагони кишварҳои узви ИДМ, иштирокдорони Ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор хоҳад дошт.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа мақоми раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷумҳурии дигари кишвари узви ИДМ дода шавад. Ҳамзамон иштироки намояндагони Ҷумҳурии Узбекистон дар Шӯрои навбатӣ дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд. Дар он барои соли 2019 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардидани ҷаласаи XXIV Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ қарор қабул гардида буд.

Баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал меоранд.