Сомонаи пешина | Пш, 12 Декабр 2019 | 08:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф ва намоиши фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ дар Женева

16 ноябри соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария чорабинӣ оид ба баррасии мутобиқсозии қонунгузории миллии ҳуқуқи муаллиф бо меъёрҳои Созмони байналмилалии ҳуқуқи муаллиф ва чорабинии фарҳангӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги мардуми тоҷик шурӯъ гардид, ки он то 21 ноябри соли равон идома меёбад.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иштирок доранд.

Муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлтазода дар ифтитоҳи чорабинии мазкур суханронӣ намуда, паёми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангро ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва роҳбари ин созмон ҷаноби Франсис Гарри расонид ва оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳа ҳарф зад.

Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили масолеҳи заргарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, кордсозӣ, либоси миллӣ, хуроки миллӣ, рақсу суруди миллӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Женева гардид.

Меҳмонони чорабинӣ аз гуногунрангӣ ва зебоии маҳсулоти ҳунарҳои мардумии тоҷик баҳра бурда, ба кори ҳунармандон ва маҳорати санъаткорони тоҷик, дар маҷмӯъ ба фарҳанги тоҷик, ки ҳамаи онҳоро мафтун кард, баҳои баланд доданд.

Боиси зикр аст, ки барои иштирок дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанг ва як гуруҳ ҳунармандон – аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба Женева сафар кардаанд.